20:03:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Қонуни нави матбуот ба ҳукумат "нафоридаст"

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи нави Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро рад карда ва ба порлумон баргардондааст.

haftanomaho 24654145Тарҳи нави Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои  ахбори омма» ҳафтае пеш дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуд ва тибқи иттиллои дафтари раёсати ҷумҳурӣ аъзои ҳукумат “хулосаҳои худро дар бораи ин тарҳ” ба порлумон фиристодааст ва онгуна ки як манбаъи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаҳо аксаран манфӣ будаанд ва ҳукумат ин тарҳро ҷонибдорӣ накардааст.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи порлумон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттиллот рӯзи 5-уми июн ба мо гуфт, ки дар воқеъ тарҳи қонун “мавриди баррасиву омӯзиши ҳукумат” қарор гирифтааст, вале хулосаҳои он ҳанӯз ба дасти порлумон нарасидааст. Ӯ афзуд, ки муаллифи тарҳи мазкур Низом Қосим, шоири варзидаи тоҷик ва вакили порлумон аст ва тағйироту ислоҳоти пешниҳодии ӯ “умдатан хусусияти таҳрирӣ ба табдили ислоҳоту вожаҳо дахл доранд ва ҳамчунин ба мавридҳое, ки рӯзномаҳо метавонанд мухбирони худӣ ва махсус, ки замони шӯравӣ нашрияҳо доштанд. бигиранд.”

Ба таъкиди вакили порлумони Тоҷикистон, ислоҳоту пешниҳоде ки маҳдудкунандаи фаъолияти хабарнигорон ва ё матбуот дар кишвар бошад, дар қонун аслан вуҷуд надошт. Ба гуфтаи Қироншоҳ Шарифзода, узви раёсати Шӯрои васоити ахбори умум дар Тоҷикистон муаллифони қонун дар сӯҳбат бо ӯ итминон додаанд, ки дар тағйироти ислоҳоти пешниҳодӣ ба қонун ҳеҷ чизи “мояи нигаронӣ” барои хабарнигорон вуҷуд надорад.

Аммо бо вуҷуди ин ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси НАСМИТ, Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, пешниҳоди тарҳи мазкур бе мувофиқату огаҳии маҳфилҳои хабарнигорӣ мояи нигаронист: “Бидуни маслиҳат ва бидуни огаҳии ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кардани ислоҳот ба қонуне, ки ду сол мавриди баҳсу муҳокима қарор дошт ва қабул шуд, ин худ як пинҳонкорӣ  ва як корест, ки лоиқ ба шаъну эътибори порлумон ва аз ҷумла депутати порлумони Тоҷикистон нест.” Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, Низом Қосим ду сол фурсат дошт, ки пешниҳоду назари худро дар бораи қонун бигӯяд.

Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро, ки рӯзи 14-уми марти соли 1992 ва дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон қабул шуд, чаҳор маротиба ва дафъаи охири соли 2013 ислоҳ карданд ва ислоҳоти ахир аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ истиқбол шуд. Аммо бо вуҷуди қонуни пешрафта ва мамнӯъ будани сензура дар Тоҷикистон аксарияти хабарнигорони кишвар аз гуфтани воқеият ва интиқоди ошкори камбудиҳои кори ҳукумат метарсанд, зеро мақомот ба осонӣ онҳоро бо баҳонаи паст задани шаъну эътибори худ ба додгоҳ мекашанд.

Аз ҷумла ду моҳ пеш додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Олга Тутубалина, хабарнигори нашрияи “Азия Плюс”-ро ба паст задани шаъну эътибори зиёиёни тоҷик гунаҳкор донист ва ба ӯ амр дод, ки ба се даъвогар 30 ҳазор сомонӣ муодили 6 ҳазор доллар ҷуброни маънавӣ бипардозад. Аз ин пештар  рӯзномаи “Имрӯз Нюс” низ ба пардохти 50 ҳазор сомонӣҷуброни маънавӣ шурӯъ кард, ки аз нашрия Рустам Ҳукумов писари раиси собиқи ширкати давлатии “Роҳи Оҳани Тоҷик” талаб кард. Рустам Ҳукумов низ “Имрӯз Нюс”-ро ба паст задани шаъну эътибораш гунаҳор кардааст.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ низ матбуоти Тоҷикистонро ноозод хонда ва аз ҳукумат борҳо хостаанд, ки шароити мусоид барои кори хабарнигоронро фароҳам кунад ва бигзорад ки онҳо бе биму тарс кори худро анҷом диҳанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки матбуот дар кишвар озод аст. Айни ҳол ба гуфтаи онҳо дар кишвар бештар 550 рӯзномаву маҷалла ва даҳҳо телевизиону радиоҳои мустақил вуҷуд доранд ва заминаҳои қонуниву ҳуқуқӣ барои пешрафту фаъолияти озодонаи онҳо фароҳам шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi