18:47:07 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Насиҳати Акбар Саттор ба журналистони ҷавон

Расо шаш сол муқаддам, соли 2011, дар ҳамин шабу рӯз, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо  собиқ Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон марҳум Акбар Саттор мусоҳибае доир карда будам. Мусоҳиба хеле пурмуҳтаво буд. Тақрибан тамоми мавзуъҳои дар ҳамон шабу рӯз муҳими  журналистикаи тоҷикро дар бар мегирифт.

akbari-sattar-98875212Вале дар оғоз Акбар Саттор дар посух ба суоли банда дар бораи фаъолияти журналистии худ нуктаҳоеро гуфт, ки шояд дар ин бора дар навиштаҳои худу дар дигар мусоҳибаҳояш аз ин пеш ва баъд ҳам камтар гуфта бошад. Хонандаи зеҳнаш тез аз ин муқаддимаи суҳбати мо  рози чӣ гуна аз як журналисти навқалам то ба соҳиби чандин рӯзномаи хусусӣ ва раҳбари журналистони кишвар сабзида расидани Акбар Сатторро ба хубӣ дарк карда метавонад. Сипас Акбар Саттор дар идомаи  ин мусоҳиба ба саволҳое посух гуфт, ки ҳама вобаста буданд ба мушкилоти журналистикаи муосири тоҷик.

Посухҳояш ҳама мантиқӣ ва босаводона буданд. Ӯ бо ҷавобҳои пурмазмунаш нишон дод, ки ҳамчун журналист ва раҳбари журналистони кишвар на танҳо мушкилоти соҳаро хуб дарк мекунад, балки роҳҳои ҳалли ин мушкилотро низ хуб медонад ва нақшаҳое барои амалӣ кардани онҳо низ дорад. Дар ҳақиқат, баъдан мо мебинем, ки баъзе аз ин тарҳҳо бо гузашти ин чанд сол ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт будани Акбар Саттор амалӣ шуданд, вале бархе аз онҳоро марги фоҷиавии ин журналист ва инсони бузург нагузошт ҷомаи амал пӯшанд.

Дар ин мусоҳиба Акбар Саттор чанд насиҳате барои рӯзноманигорони навкор мекунад, ки имрӯз ҳам гӯш додан ба онҳо аз манфиат холӣ нест. Ҳангоми ин мусоҳиба банда як лаҳзаи ин насиҳаткуниҳоро  бо аксбардорам ба навор гирифтам. Ҳамон вақти нашри мусоҳиба дар сомонаи Рӯзгор бо кадом як сабабе ман натавонистам ин лаҳзаи дар видео сабтшудаи насиҳати Акбар Сатторро дар сайти Ютуб бигузорам. Имрӯз ин имконият ба мо даст додааст.

Насиҳати Акбар Саттор ба журналистони ҷавон

Воқеъан ҳам имрӯз ҷавононе, ки ба журналистика омада истодаанд, бештар андешаи карераеро, ки мо доштем, ҳамин андешаҳоро қариб, ки надоранд. Фикрашон бештар ба он банд аст, ки чӣ гуна  ҳамин рӯз пул ёбем. Чи тавре, ки қаблан гуфтам, дар ин касб то ном накунӣ, нон ёфтан душвор аст. Ба ҳамин хотир ба ҷавонони имрӯза руҷуъ карда мегӯям: дар замоне, ки озодии баён ҳаст, касе ба  ба журналистика ворид шудан мехоҳад, пеш аз ҳама  бояд масъулияти баланд дошта бошад. Дар ҳамин давра масъулият ва касбият ду чизи муҳимтарин дар журналистика ба ҳисоб меравад. Вақте, ки Одобномаи журналистонро таҳия мекардем, дар ҳамон давра гуфта будам, ки мо дар як замони гузариш қарор дорем. Шояд ин гуна Одобномаро имрӯз  баъзеҳо қабул карда натавонем. Зеро  як иддаъ аз мо таълими замони шӯравиро гирифтаем. Ин Одобнома барои наслҳои оянда мебошад. Яъне вақте, ки мо журналисти ҷавонро ба кор мегирем ба ӯ бояд бигӯем, ки ҳамин аст ахлоқи журналист. Ахлоқи журналист яъне чӣ? Ахлоқи журналист ин инсофи вай аст, ин масъулияти вай аст, ин касбияти вай аст. Дигар чиз вуҷуд надорад.

Муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», дар арафаи Рӯзи матбуот мо бори дигар ин мусоҳибаро ба нашр расонда, ҳамон порчаи видеоии аз ин пеш нашрнашударо пешкашатон мекунем ва аз Шумо хоҳиш мекунем, ки ба хотири шод кардани руҳи марҳум Акбар Саттор ва дигар рӯзноманигороне, ки ин дунёи фониро падруд гуфтаанд, пеши Худои бузург даст ба дуъои хайр бардоред ва оёте чанд аз Калломуллоҳи шариф хонда савобашро ба руҳи онҳо бахшед. Парвардигор онҳоро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат бикунад. Омин!

«Рӯзгор»

 Акбари Саттор: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон эҳтиёҷ ба як ислоҳот дорад!

11-уми марти соли 2011 ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» 99 сол пур мешавад. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар арафаи ин санаи фархунда бо Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон вохӯрда мусоҳибае доир кардааст, ки инак мӯҳтавои онро ба таваҷҷӯҳи шумо, муштариёни гиромӣ пешкаш менамоем.

-Мо дар остонаи Рӯзи матбуот истодаем. Нахуст мехостам, ки муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» дар бораи ҳамсӯҳбати навбатиам аз забони худи ӯ маълумот бигиранд, агарчи Акбари Саттор ҳамчун журналист ва сарвари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон эҳтиёҷ ба муаррифии хоса надорад. Ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ хуб мешиносанд. Марҳамат

- Ташаккур. Пеш аз ҳама аз фурсати муносиб истифода бурда Иди матбуотро барои тамоми ҳамкасбон табрик мегӯям. Хосатан дар марҳилаи ҳозира, ки  ба ҳайси журналист фаъолият кардан кори осон нест. Журналист ба ҷои ҳазорҳо нафар фикру андеша мекунад, вале маоши ночиз мегирад. Ва бояд гуфт, ки ҳадди маоши журналист пеш аз ҳама аз тиражи нашрияҳо вобастааст. Нашрияҳо бошанд дар замони мо бо теъдоди хеле кам чоп мешаванд. Табиист, ки сармуҳаррире, ки тиражи ҳафтаномааш на бештар аз ду ҳазор адад аст, наметавонад барои хабарнигораш ду ҳазор сомонӣ маош бидиҳад. Мушкилоти маоши журналист дар ҳамин иллат нуҳуфтааст. Барои чӣ хабарнигорони радиои Би Би Си ва бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар куҷое, ки як воқеа рух медиҳад ҳозиру нозир ҳастанд ва онро таҳти пӯшиш қарор медиҳанд? Барои он ки маоши хуб мегиранд. Азбаски, мутаассифона, мо манбаи дигари даромад надорем, ҳар як рӯзнома вобаста ба ҳамон тавони тиҷоратиаш, фурӯши маҳсулоташ, маош медиҳад, ки албатта хеле кам аст. Барои ҳамин ҳам дар шароити мо журналист кор кардан хеле мушкил аст. Ва инак чанд сухан дар бораи худ ва  фаъолияти журналистиам мехоҳам бигӯям.

Ман журналисти касбӣ ҳастам. Соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Санкт Петербургро хатм кардаам. Аввал дар газетаи «Тоҷикистони шӯравӣ» 3-4 моҳ ба ҳайси мухбир кор кардаам. Баъди таъсиси рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» ба он ҷо ба кор даъват шудам. Дар он ҷо ҳамчун мухбир дар шӯъбаҳои журналистони варзида Зулфиқори Шодӣ ва Бахтиёри Муртазо кор кардам. Чанде пас маро ба ҳайси мудири шӯъбаи сиёсат, ҳуқуқ ва ҳаёти байналмилалии ҳамин рӯзнома таъйин карданд. Он солҳо ҳаёт хеле душвор буд. Маошро сари вақт намедоданд. Маҷбур шудам, ки ариза дода аз ин кор биравам. Ба тиҷорат машғул шудам. Аз Чин ва Қазоқистон молҳои гуногунро оварда дар бозорҳои Душанбеву Ҳисор тиҷорат мекардам. Тақрибан ду сол ҳамин хел кор кардам. Вақте, ки маблағи муайянеро пасандоз кардам, ба қароре омадам, ки боз ба журналистика баргардам. Соли 1994 буд. Он замонҳо паҳну нашр намудани матбуоти русӣ, ки як замонҳо дар Тоҷикистон хеле машҳур буданд, қариб ки қатъ шуда буд. Дар Тоҷикистон чанд рӯзномаи маҳалӣ мебаромад, ки дар онҳо камбуди иттилооти ҳаёти байналмилалӣ эҳсос мешуд. Ман аз Қазоқистон тавассути дӯстон намунаи рӯзномаҳои бонуфузи русиро оварда дар пояи онҳо нашрияи «Дайҷест-пресс»-ро таъсис додам. Тарҷумаи дайҷестпресс ин хулосаи матбуот аст. Дар ин нашрия мақолаҳои ҷолиби матбуоти Русияро гирифта ба чоп медодам. Ин нашрия тез машҳур шуд. Вақте, ки дар як ҷаласа  барои чопи ин нашрия маро таъна зада гуфтанд, ки «коре накарда аз ҳаво пул кор мекунад, ин журналист нест»,  сахтам расид ва худи ҳамон рӯз эълон кардам, ки «ман ҳатман як рӯзномаи тоҷикӣ таъсис хоҳам дод ва ҳатто номашро гузоштам «Сиришти нур». Оиномаро ба вазорати фарҳанг бо ин ном бурдам. Вале росташро гӯям номи рӯзнома ба ман маъқул набуд. Шабе дар хонаи бебарқ радио гӯш мекардам. Устод Зафар Нозим суруди машҳури «Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгири кард»-ро хонда истодааст. Ҳамин калимаи «чарх» ба ман хеле маъқул афтод. Фарҳангро гирифта варақ задам. Дидам, ки ба маънои дунё низ меомадааст. Ба маънои дунё инчунин гардун низ омадааст. Ибораи «чархи гардун»-ро сохтам. Дар ягон ҷо ман ҳамин ибораро аз ин пеш надида будам. Онро худам сохтам. Яъне чарх ба маънои ғилдирак ё худ сала (масалан салаи ароба ё салаи мошин). Ҳамин тариқ «Чархи гардун» ба маънои «чарх, салаи дунё омадааст. Чизе ки дунёро ба ҳаракат медарорад. Рӯзнома ва умуман матбуот ҳамин хусусиятро дорад. Яъне дунёро ба ҳаракат медарорад. Тез рафта дар вазорати фарҳанг номи нашрияро дигар кардам. Моҳи апрели соли 1996 он ба қайд гирифта шуд ва аввалин шумораи он ба чоп расид. «Чархи гардун» тез машҳур шуд. Дар як муддати кӯтоҳ тиражи он ба 90 ҳазор расид. Ҳеҷ аз ёдам фаромӯш намешавад, ки боре як ҳамкорамон аз радиои «Озодӣ» як шеъри Бозор Собирро навишта гирифта оварда хоҳиш кард, ки онро ба чоп расонем. Ман онро бо як акси чеҳрахандони Бозор Собир дар саҳифаи аввал ҷой додам. Он вақт Бозор Собир дар Тоҷикистон набуд. Дар ин ҷо ӯро бисёриҳо душман ҳисоб мекарданд. Ин мавод баъди чопшуданаш вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Ба идораи мо аз дуру наздик телефон мекарданд. Ҳатто баъзеҳо шодӣ карда мегуфтанд, ки «бо дидани чеҳраи хандони устод Бозор Собиру хондани шеъри нави ӯ мо гумон кардем, ки дар Душанбе сулҳ барқарор гардидаст». Баъдан  рӯзномаи  «Авиценна»-ро таъсис додем, ки ҳоло ҳам ба нашр мерасад ва тиражи калон дорад. Соли 1999 ба муносибати яксолагии рӯзи таваллуди як писарам рӯзномаи кӯдаконаи «Аладдин»ро ба забони русӣ таъсис додам.

-Барои чӣ ба забони русӣ?

-Барои он, ки ба забони русӣ баровардани газета осонтар буд. Мавод бештар пайдо кардан мумкин буд.  Варианти тоҷикии он «Анӯшервон»-ро низ таъсис додем. Вале мутаасифона муваффақ нашудем. Зеро он вақт ҳанӯз чопхона надоштем. Нашрия, ки ранга мебаромад, бароямон чопи он  гарон меафтод. Худкифо набуд. Аз сӯйи дигар мо мардуми тоҷик як одати аҷиб дорем. Барои мисол мардуми рус вақте, ки барои фарзандашон ягон ширинӣ ва ё чизи дигари хӯрданӣ мегиранд, ҳатман дар паҳлӯш ягон китоб ё ягон маҷаллаеро, ки фикри ӯро равнақ диҳад, мегиранд. Мардуми мо бошад ҳарчанд дар панҷ сомонӣ ва аз ин зиёдтар ба кӯдаконашон шоколод ё ягон чизи дигар, ҳатто бозичаи  автомат мегиранд, ки чанд рӯз пас мешиканад, вале рӯзномаеро , ки камтар аз як сомонӣ арзиш дорад ва барои инкишофи маънавии ӯ кӯмак хоҳад кард, намегиранд. Мо имрӯз чопхонаи худамонро дорем ва уммедворем, ки дар ин самт корро беҳтар кунем. Ва чопи тоҷикии «Анӯшервон»-ро аз нав ба роҳ монем.

-Чопхонаро кай таъсис додед?

-Таҷҳизоти чопхонаро мо соли гузашта аз Ҳиндустон харидем. Чопхонаи ранга ҳаст. Номашро  «Интишор»мондем. Дар ин чопхона имрӯз 18-30 номгӯй рӯзномаҳо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ  чоп мешаванд. Азбаски дастгоҳҳои мо нав ҳастанд, сифати чоп ҳам баланд аст. Барои ҳамин ҳам  дар мо чопи газетаҳо нисбат ба дигар чопхонаҳо  камтар қимматтар  меафтанд.

-Иқтидораш чанд аст?

- Дар як соат то 30 ҳазор нусха газетаро метавонад чоп кунад. Вале, мутаассифона мо дар як ҳафта ҳамагӣ чаҳор соат дастгоҳро истифода мебарему халос. Барои ҳамин ҳам мо тарафдори он ҳастем, ки газетаҳои ҳаррӯза пайдо шаванд. Мана «ИмрӯзNews» дар чопхонаи мо ба нашр мерасад. Ҳар шаб кор ҳаст. Мо ҳоло дар фикри таъсиси як рӯзномаи ҳарррӯзаи шаҳрӣ ба забони тоҷикӣ ҳастем ва номи шартиашро низ «Душанбе сити» мондаем. Тоҷикистони мо  ҳанӯз ҳам дар дунё ягона кишваре ҳаст, ки то имрӯз рӯзномаи ҳаррӯзаи воқеии худро надорад. Бале, «ИмрӯзNews» чоп мешавад. Вале тиражи он моро қонеъ кунонда наметавонад. Бигузор рӯзномаҳои мухталиф бошанд. Интишори рӯзномаҳои гуногун яке аз нишонаҳои ободии давлат аст.  Нишонаи пешравии озодии матбуот аст. Ман як вақтҳо мафҳуми «ҳафтафаҳм»-ро истифода карда будам дар як конференс дар шаҳри Маскав. Кор ба ҷое расидааст, ки журналисти тоҷик, хонандаи тоҷик дар як ҳафта фақат рӯзи панҷшанбе, вақте, ки рӯзномаҳо ба дасташ расиданд, ба фикру андеша  фурӯ меравад, ки ҷомеаи мо куҷо рафта истодааст. Як бор агар  об рӯйи санг резад чӣ тур асту вале он агар  чакра чакра ҳамеша болои санг резад чӣ тур аст? Сангро шикоф мекунад. Имрӯз нақши иттилоот дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Имрӯз инқилобҳоро васоити ахбори умум мекунанд. Масалан агар дар Миср ҳамагӣ сад ҳазор одам дар майдон гирдиҳам омад, дар матбуот теъдоди онро аз  миллион ҳам зиёд нишон доданд. Оқибати  инқилоби Мисрро ҳама медонем. Барои ҳамин ҳам дар Хитой васоити ахбори хориҷие, ки эътироз карданд, ҳамонҳоро аз  кишварашон пеш карда истодаанд. Беҳуда журналистонро дар баъзе кишварҳо ҳокимияти чорум намегӯянд. Ҳанӯз дар солҳои аввали таъсиси рӯзноманигорӣ дар Англия баъзе депутатҳои Парлумони Британияи Кабир аз кори журналистон ба дод омад мегуфтанд, ки «дунёро мо не, балки журналистон идора мекунанд».

-Дар мо ҳам оё матбуот «ҳокимияти чорум» ба ҳисоб меравад?

-Дар Тоҷикистон мо журналистон натавонистем, ки «ҳокимияти чаҳорум» бошем. Як мисол меорам. Канслери Олмон ҳамаи аъзои ҳукуматро ба ҳузур мепазирад ва бо онҳо дар алоҳидагӣ сӯҳбат мекунад ба ҷуз вазири амният. Вазири амният аз ин чиз ҳайрон шуда сабаби ба ҳузури канслер пазируфта нашуданашро мепурсад. Канслер дар ҷавоб ба ӯ мегӯяд, ки он чизеро, ки ту ба мо гуфтанӣ ҳастӣ, ман аллакай аз рӯзномаи «Шпигел» хондам. Мутаассифона, журналистикаи тоҷик имрӯз  бештар ба тасдиқи фактҳо (констатасияи фактҳо) машғул аст. Таҳлилҳои амиқ надорем. Журналистикаи тоҷикро журналистикаи эҳсосотӣ бигӯем мешавад. Журналистикаи таҳмили андешаҳои як журналист бигӯем мешавад. Журналист ба ҷои он ки дар атрофи як масъала асосан фикру андешаҳои мутахассисони мухталифро пеш биёрад, ӯ асосан андешаҳои худро ба хонанда бор мекунад. Ба фикри ман журналист дар баробари он ки ба мардум иттилои тоза медиҳад, ӯ инчунин бояд дар маводи худ фикру андешаҳои гуногунро ҷой диҳад. Ҳатто баъзан танҳо як тарафи мавзӯъро мебинему тарафи дигарашро аз мадди назар гум мекунем. Ин чизро махсусан дар расонаҳои хабарии ҳукуматӣ бештар дидан мумкин аст. Ба наздики Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукуматӣ ба фаъолияти расонаҳои мустақил баҳои баланд дод. Мутаасифона, ин нукта аз мадди назари журналистон дур мондааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки «журналистикаи мустақил ба ҳақиқат хеле наздиктар аст. Журналистон як қуввае ҳастанд, ки бӯғи ҷомеаро мебароранд. Маводе, ки онҳо ба нашр мерасонанд,  ҳеҷ набошад тақрибан 30 дар садаш ҳақиқати маҳз аст».  Бубинед ҳамин ранг (чернила)-е, ки бо он менависанд, 90 дар садаш об аст. Вале онро ранг меноманду аз он истифода мебаранд. Дар журналистика ҳам бе обу ранги бадеӣ намешавад. Ҳангома ё худ сенсатсия кардан хоси журналистика ҳаст. Албатта сенсатсияе, ки аз ҳақиқат дур набошад. Вале дар ҳар як сенсатсия ҷавҳари маънӣ, мантиқе нуҳуфтааст, ки онро бояд дарк кард. Аз он бояд истифода  бурд.

-Чунин корро журналистоне метавонанд бикунанд, ки ҳамаҷиҳата омода бошанд. Ҳам дониши назариявии хуби касбӣ ва ҳуқуқӣ  дошта бошанд, ҳам қалами хуб, ҳам таҷрибаи журналистони пешқадамро омӯхта бошанд. Дар ин самт  мо дар кадом сатҳ қарор дорем?

- Аз ин ҷиҳат агар росташро бигӯем кадрҳои хуб ҳоло ҳам дар мо намерасанд. Мо камбуди кадрҳои баландихтисосро шадидан эҳсос мекунем. Масалан чанд рӯз пеш ман аз  як шабакаи телевизионии Русия суруди «Я встретил девушку»-ро дар иҷрои яке аз овозхонҳои рус тамошо кардам. Дар шарҳи ин суруд баранда  матни онро моли  шоири озорбойҷонӣ гуфт. Ҳол он ки мо медонем, ки матни онро устод Мирзо Турсунзода навишта онро баъдан ба русӣ тарҷума кардаанд. Дар чунин ҳолатҳо журналистони мо бояд вокуниш нишон диҳанд. Моли худро соҳибӣ кунанд. Чунин журналистони ҳаматарафа омодаро, ки  сареъан ба чунин ғалатандозиҳо вокуниш нишон диҳанд, мутаассифона  кам дорем. Касбият ва масъулият ин ду омиле ҳастанд, ки дорандаи  онҳо журналисти хуб шуда метавонад.

- Сабабҳои зиёд шудани баҳсҳои додгоҳӣ дар журналистикаи муосир ба фикри Шумо дар чӣ ҳаст?

- Аслан ман тарафдори он ҳастам, ки чунин баҳсҳо зиёдтар бошанд. Ба ҷои  мисли Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода лату кӯб кардан, агар моро ба додгоҳ бикашанд, ин беҳтар аст. Ба додгоҳ кашидан беҳтар аст аз он ки ба сарат бо автомат биёянд. Баҳси додгоҳии журналист бо як шаҳрванд ва ё ниҳод дар дигар кишварҳои аврупоӣ, ҳатто Қазоқистон як таҷрибаи маъмулӣ ҳаст. Мо набояд худамонро аз ҷамъият боло бигирем. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо мо худамонро аз будамон болотар мегирем. Масъулиятро кам эҳсос мекунем. Вақте дар бораи касе ё ниҳоде  маводи интиқоди менависем бояд тақдири он шахсро низ аз пеши назар дур набарем. Хулоса масъулиятшинос бошем. Ҳамчун раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ман вазифадор ҳастам, ки аз журналистон ҷонибдорӣ кунам. Аз сӯйи дигар ман бо журналистон низ дар бораи эҳсоси масъулият кардан, дар чаҳорчӯбаи қонунҳо амал намудан ва ғайра сӯҳбатҳо мекунам. Дар журналистикаи тоҷик вақтҳои охир  дар нашри мақолаҳои танқидӣ аз маҳалҳо як тамоюли номатлуб арзи вуҷуд карда истодааст. Мақолаҳои танқидӣ агар аз вилояти Суғд, навоҳии Рашт ва водии Ҳисор бошанд, қариб ки бе тафтиш онҳоро ба нашр мерасонанд. Ҳатто кӯшиш  телефонӣ санҷидани дурӯғ ва ростии онро ба харҷ намедиҳанд, хабарнигор фиристодан он тараф истад. Вале агар мақолаҳои танқидӣ аз Кӯлобу Данғара ва дигар ноҳияҳои ин минтақа бошанд, аз эҳтиёт кор мегиранд. Мабодо ба иззати нафси касе нарасем. Зеро аз он меандешанд, ки дар мақомоти қудратӣ намояндагони ин ноҳияҳо хеле зиёданд. Онҳо метавонанд аз худ вокуниш нишон диҳанд. Ин ҳам як тамоюли бад аст дар журналистикаи мо.

-Сабаби камбуди кадрҳои хуби муттахассисро шумо дар чӣ мебинед?

  -Дар набудани кадрҳои хуб дар журналистикаи тоҷик ман аз як тараф факултаҳои журналистии Донишкадаҳои марбутаро айбдор медонам ва аз тарафи дигар сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳоро. Хатмкунандагони факултетҳои журналистӣ вақте ба кор меоянд мо мебинем, ки онҳо чӣ гуна сустанд. На навиштанро хуб метавонанд ва на қобилияти таҳлил кардани рӯйдоду ҳодисаҳоро доранд. Сармуҳаррирони нашрияҳо ба ҷои он ки бо онҳо босаброна кор баранд, онҳоро тарбия кунанд, даррав аз онҳо мақолаҳои таҳлилӣ талаб мекунанд, мусоҳибаҳои сенсатсионӣ мехоҳанд. Фаромӯш мекунанд, ки чанд сол пеш ҳамин сармуҳаррир чӣ гуна пайраҳаи журналистиро тай карда буд.  Он солҳо хатмкунанда вақте ба ягон редаксия ба кор таъйин мешуд, нахуст аз корҳои содда шурӯъ мекард. Хабар менавишт. Онро борҳо таҳрир мекарданд. Баъдан ба навиштани маводи калонҳаҷмтар машғул мешуд. Навиштани онро ёд мегирифт. Хулоса бо ӯ кор мекарданд, ки ӯ корро ёд мегирифт. Аз як шӯъба ба шӯъбаи дигар мегузарониданд, ки дар ҳар мавзӯъ навиштанро ёд гирад. Имрӯз чӣ? Имрӯз меоем боз сари маблағ. Маблағ, ки нест дар як ҳафтанома аз 4-5 нафар зиёд коргар нест. Ин чор панҷ нафар коргар дар тӯли ҳафта ҳамон қадар вақт доранд, ки супориши редаксияро ба ҷо оранд. Кор бо шогирдон умуман вуҷуд надорад бигӯем агар хато намекунем.

-Аз ин вазъият чӣ гуна баромадан мумкин аст?

-Ба фикри ман бояд як ниҳод ё як мактаби умумие барои ҳамаи нашрияҳо дошта бошем, ки вақту имконият пайдо карда ба тарбияи журналистони ҷавон машғул шаванд. Чунин мактаб дар назди ҳафтаномаи «Азия Плюс» вуҷуд дорад, вале он ҳам қонеъкунанда нест. Мо мехоҳем аз байни журналистони таҷрибадор ва боистеъдод ду нафареро ба кор бигирем, ки вазифаи асосии онҳо аз ҳисоби он журналистони ҷавоне, ки ҳақиқатан ҳам завқманди журналисти хуб шудан ҳастанд,  тайёр кардани журналистони касбӣ бошад. Бисёр вақт журналистони ҷавонро мебинем, ки шавқу рағбат доранд, вале намедонанд, ки корро аз чӣ сар кунанд. Чӣ гуна ба сӯҳбат омода шаванд, сӯҳбатро чӣ гуна гузаронанд, навиштани мақоларо аз чӣ сар кунанд ва ғайраву ҳоказо. Бархе аз журналистони ҷавон бошанд аз  рӯзҳои аввал мехоҳанд, ки ба онҳо маоши калон дода шавад. Нафаре бояд ба онҳо бифаҳмонад, ки дар журналистика қоидаи нонавиштае вуҷуд дорад, яъне барои он ки дар оянда аз ҳамин касб  пул ёфта нон  хӯрӣ, бояд дар аввал барои ном кор кунӣ.  Барои ном кор кардан, яъне қариб ки бепул кор кардан аст, шабу рӯз кор кардан аст, бе миннат кор кардан аст.  Кор кардан то он даме ки номат вирди забонҳо нашавад. Ном ки вирди забонҳо шуд, ба дунболаш соҳиби ном соҳиби нон низ мешавад.

- Дар чунин вазъият  оё ба фикри шумо,  Иттифоқи журналистони тоҷик, рисолати худро иҷро карда истодааст?

- Агар аз рӯйи адолат бигӯям аз кори иҷрошуда чандон қаноатманд нестам. Зеро Иттифоқи журналистони Тоҷикистон эҳтиёҷ ба як ислоҳот дорад.   Ба ҳамин шакле ки имрӯз ҳаст Иттифоқи журналистон ба касе даркор нест. Андешаи ман дигар аст. Баъзе одамон ин чизро намефаҳманд , мегӯянд, ки ҳамин хел бошад.

Ба фикри ман Иттифоқии журналистон бояд як мактаби худашро дошта бошад. Ин як. Иттифоқи касаба дошта бошад, ҳуқуқшинос дошта бошад, ки манфиатҳои ИЖТ-ро ҳимоя карда тавонад. Як гурӯҳи таҳлилии хеле қавӣ дошта бошад. Дар мо вазъи экологиро таҳлил мекунанд, вазъи обу ҳаворо таҳлил мекунанд ва ғайраву ҳоказо, вале ба ҷуз вазъи иттилоотии ҷаҳон. Иттилоот, ки имрӯз яке аз силоҳҳои хеле муқтадири сиёсати ҷаҳонӣ ба шумор меравад, дур аз таҳлил мондааст.

-Чи садди роҳи мо мешавад, ки ҳамин корҳоро ташкил кунем?

- Набудани маблағ. Ҳамаи ин корҳо маблағи калонро талаб мекунад. Бидуни маблағ ин корҳоро наметавон амалӣ кард. Танҳо давлат метавонад ин корҳоро ба таври бояду шояд ба роҳ монад. Бале, НАНСМИТ тақрибан ҳамин корро карда истодааст. Вале он номукаммал, нопурра аст. Бигузор ин корро давлат кунад. Дар садри ин маркази таҳлилӣ як нафаре бошад, ки тафаккури таҳлилӣ дошта бошад. Равандҳоро хуб таҳлил карда тавонад, натиҷагирӣ карда тавонад, хулосаҳои худро пешниҳод карда тавонад. Ман бо ҳамин пешниҳодҳо ба ҳукумат баромаданиям. Бигузор Иттифоқи журналистон мисли Академияи Илмҳо бошад, яъне ниҳодҳои мухталифи худро дошта бошад.

-Оё ин ниҳод такрори  Маркази Тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар нахоҳад буд?

-Не! Онҳо махсус равандҳои журналистикаро намеомӯзанд. Ба фикри ман имрӯз протсесҳо ва тамоюлоти журналистикаи ҷаҳонӣ ниёз ба омӯзиши хеле амиқу васеъ доранд. Мо бояд дар шароити ҷаҳонишавӣ худамонро ҳифз карда тавонем. Дар ин набардҳо дигарҳо метавонанд моли моро соҳиб шаванд, иттилооти моро соҳиб шаванд, адиби моро соҳиб шаванд. Барои ҳамин дар назди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, агар чунин як ниҳоде таъсис ёбад ва фаъолият кунад, боварӣ дорам, ки журналистикаи мо қадамҳои устувортаре ба пеш хоҳад гузошт. Дар ҳоли ҳозир мо танҳо як шаҳодатномаи журналистӣ дорему як ҷоизаи ба номи  устод Лоҳутӣ. Агар ҳамон гурӯҳи 10 ё  15 нафараи таҳлилиро дошта бошем, он метавонад бисёр корҳои муфидеро анҷом диҳад. Чӣ, магар мавзӯи таъсири иттилоот ба ҳаводиси кишварҳои араб мавзӯи омӯхтанӣ нест? Ман ояндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро дар ҳамин шакл мебинам. Ин суханҳоро ман на ба он хотир мегӯям, ки мехоҳам боз сарварии онро ба ӯҳда дошта бошам. На, воқеан агар мо мехоҳем, ки иттилоот дар хизмати Ватани мо бошад ва мо худро аз таҳоҷуми иттилоотӣ ҳифз намоем, бояд ислоҳоте дар фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ворид созем. Ба наздикӣ мо анҷуман дорем ва шояд ин масоилро ман дар анҷуман матраҳ кунам. Ман пешниҳод мекунам, ки номашро ҳатто «Академияи журналистӣ» гузорем. Ман пешниҳод мекунам, ки давлат моро дастгирӣ кунад. Вақте, ки мо ҷоизаҳои мухталифро дар соҳаи журналистика медиҳем, бояд он хаотикӣ, бенизом, беҳадаф сурат нагирад. Касе, ки хоҳад номзадиашро пешниҳод мекунад, касе ки нахоҳад не. Ман фикр мекунам, ки ҳамин «Академия» ҳамин корро кунад. Кормандони ҳамин ниҳод матбуоти моро бояд чуқур омӯзанд ва онҳо ба хулосае биёянд, ки кӣ сазовори ин ҷоизаҳо ҳаст ва онҳоро барои гирифтани ин ҷоизаҳо маҳз ҳамин ниҳод пешниҳод кунад.

-Дар муқоиса бо соли гузашта ба фикри Шумо вазъи  ҳамаҷиҳатаи матбуоти тоҷик беҳтар шудааст, ё хайр?

-Бале, соли гузашта барои матбуоти тоҷик соли на чандон хуб буд. Фишорҳои мухталиф сари нашрияҳои гуногун зиёд буданд, агарчи басташавии рӯзномаҳо ба мушоҳида нарасид. Вале як чизро бояд рӯйи рост бигӯям, ки бархе аз журналистон бештар шудани тафтишоти мақомоти андозро низ як навъ фишор ҳисоб карданд, ки албатта ин нодуруст аст. Мо журналистон аз ҷомеъа, вазоратхонаҳо, дигар ниҳодҳои давлатӣ, раҳбарони онҳо талаб дорем, ки дар доираи салоҳияти худ баҳри беҳбудии зиндагонии мардум кор кунанд, дар доираи қонун фаъолият баранд. Вале вақте, ки амалан ҳамин чизро аз мо талаб мекунанд, ибрози ноқаноъатмандӣ мекунем. Мо низ дар чаҳорчӯбаи қонун бояд фаъолият кунем.Агар андозҳоро сари вақт супорем аз тафтишҳо мо набояд нохушнуд шавем. Ҳабдаҳ сол аст, ки рӯзномаҳои ман  ҳар сол мавриди тафтиши мақомоти андоз қарор мегиранд. Баъзан камбудиҳои моро ошкор карда ҷарима таъйин мекунанд. Мо аз ин чиз рӯҳафтода намешавем. Вале мушкилоте, ки ба сари ҳафтаномаҳои «Фараж», «Нигоҳ» омад, агарчи баъзеҳо мегӯянд, ки сабабҳои сиёсӣ дошт, вале ба фикри ман ин чизро исбот кардан душвор аст. Мушкилоти «Пайкон» сиёсӣ не, сирф иқтисодӣ ҳаст. Мутаваққиф шудани чопи ин ҳафтаномаҳо, иваз шудани соҳиби хабаргузории «Авесто», аз байн рафтани рӯзномаи «События» гувоҳи он аст, ки бозори мо ҳанӯз бақувват нест. Бозори матбуотро фақат бозори реклама бақувват карда метавонад. Бозори аз ҳама заифи матбуот дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бозори матбуоти Тоҷикистон аст. Мо реклама надорем.

-Барои чӣ мо реклама надорем?

-Барои он ки тоҷирони мо аз додани реклама метарсанд. Масалан ман чанде пештар ба ҳафтаномаи «Вечерный Душанбе» супориш дода будам, ки  рафта бо роҳбарони тарабхонаҳои Душанбе маслиҳат карда онҳоро реклама кунад. Мо пули зиёд напурсида будем. Тахминан дусад сомонӣ аз ҳар тарабхона. Аммо ба ивазаш мо бо аксҳои ранга ин тарабхонаҳоро бо мушаххасоташон (анвои ғизо, мавзеи ҷойгиршавӣ ва ғ.)дар ҷои намоёни ҳафтанома реклама мекардем. Аз 38 тарабхонаи шаҳр ҳатто яктои он ҳозир нашуд, ки онро реклама кунем. Аммо дар дигар мамолики ҷаҳон баръакс аст. Тарабхонаҳо, мағозаҳо, корхонаҳои дигар худашон ҳаракат мекунанд, ки  таблиғ шаванд.

-Сабаб дар чист?

- Аксарияташон мегӯянд, ки агар мо таблиғ шавем, тафтишоти мақомоти ҳархела зиёд мешавад. Беҳтараш ки касе моро надонад. Бубинед, феълан таблиғ дар кадом муассисаҳо ҳаст. Таблиғ дар ширкатҳои телефонҳои мобилӣ, ширкатҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бештар ба назар мерасад. Зеро дар ин ширкатҳо рақобати байниҳамдигарӣ ба мушоҳида мерасад. Баъдан баъзе созмонҳои байналмилалӣ   асосан ба се ҳафтанома  «Азия-Плюс», «Рекламная газета» ва «Дайҷест-пресс»  маводҳои худро барои таблиғ кардан медиҳанд. Бархе аз журналистон аз ин чиз ибрози норозигӣ мекунанд, ки чаро  созмонҳои хориҷӣ маҳз дар  ҳафтаномаҳои шумо  эълонҳояшонро ба чоп мерасонанд. Сабабаш агар аз як тараф хоҳиши худи рекламадиҳандагон бошад, аз тарафи дигар мо барои ҷалби чопи рекламаҳо талошҳои зиёд ба харҷ медиҳем. Масалан мо дар баробари кормандони эҷодӣ боз ҳашт нафар корманде дорем, ки махсус бо ҷалби реклама машғул ҳастанд. То бозори рекламаи мо гарм нашавад, матбуоти мо қадамҳои устувор ба пеш нахоҳад гузошт. Дар тамоми ҷаҳон матбуот аз ҳисоби реклама ба пеш меравад. Барои ҳамин ҳам вазъи матбуот дар соле ки гузашт, дар муқоиса бо як сол пештар на чандон хуб буд. Вале имсол аз аввалаш ҳувайдост, ки соли хуб  барои матбуот  бояд шавад. Пеш аз ҳама чопи ҳафтаномаҳои мутаваққифшуда боз аз сари нав гирифта шуд. Як кооперативи паҳнкунии нашрияҳо таъсис ёфт. Аллакай директори иҷроияи ин кооператив Раҳматулло Шарифов тасдиқ гардид. Ин системаи паҳнкунии матбуоти даврӣ ҳамин хел сохта шудааст, ки ба касе аз ноширон тааллуқ надорад. Соҳиби он ҳамаи мо ҳастем. Шахсе, ки як газет дорад бо шахсе, ки даҳ газет дорад, баробарҳуқуқ ҳаст. Роҳбарии ин кооперативро Шӯрои директорон, ки аз соҳибрӯзномҳо ташкил ёфтааст ва соле як маротиба ҳайати он тағйир мехӯрад, ба ӯҳда дорад. Дар ҳоли ҳозир аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад. Ин кооперативи паҳнкунии матбуот бо воситаҳои нақлиёт, либоси махсус ва дӯконҳои газетафурӯшӣ таъмин хоҳад шуд ва фаъолияташро дар тамоми навоҳии ҷумҳурӣ ба роҳ хоҳад монд. Корҳои ташкилии он аллакай шурӯъ шуданд. Ҳукумат агар ба ин масъала аҳамият медод ҳам ҷои корӣ пайдо мешуд ҳам  имконияти хуби пулкоркунӣ пайдо мекард. Вале мутаассифона ҳукумат ин корро накард. Бо «системаи кампиракҳо» («система бабушек», яъне онҳое, имрӯзҳо бо фурӯши нашрияҳо машғул ҳастанд) мо пеш намеравем. Ҳарчанд дар замони ҷанг ва баъди он ин система барои вусъати матбуоти тоҷик, бахусус паҳншавии он дар байни муштариён, хизматҳои шоёне кардааст. Вале имрӯзҳо ин система дигар ба дарди мо намехӯрад. Масалан агар яке аз кампирҳо касал шавад ё ягон маърака дошта бошад ва барои фурӯхтан газета нагирад,  ҳамон ҳафта тахминан 1000 то 2000 газетаи мо  аз фурӯш мемонад. Зеро  мо намедонем, ки ин газетаҳоро ҳамон кампирак дар куҷо мефурӯшад. Аз ин рӯ ин кооператив метавонад бисёр мушкилоти моро ҳал кунад.

-Шумо қаблан эълон карда будед, ки соли 2010  50 -солагии журналистикаи тоҷик чашн гирифта мешавад.  Аз соли 2011 ҳам беш аз ду моҳ гузашт, вале ин ҷашн баргузор нашуд. Чаро?

-Дар ҳақиқат, чунин нақша доштем, вале ба сабаби камбуди молӣ натавонистем онро амалӣ кунем. Ҳаққи аъзогӣ ҳамагӣ ду сомонӣ ҳаст. Аммо ҷамъ кардани он хеле гарон аст бароямон. Ячейкаҳои журналистӣ дар маҳалҳо қариб, ки аз байн рафтааст. Ҳамин толоре, ки баъзан ҷаласаҳои раёсати Иттифоқи журналистон баргузор мешавад, моли Иттифоқи журналистон нест. Ин моли «Чархи гардун» аст.  Баъзан маблағи баъзе аз ҷоизаҳоро ман аз ҳисоби ҳамин «Чархи гардун» медиҳам. Барои ҳамин ҳам ман мехоҳам, ки дар Анҷумани навбатии журналистон, ки ният дорем тобистони соли ҷорӣ онро баргузор намоем, сохтори феълии Иттифоқи журналистонро бишканему ба ҷои он сохторе ба вуҷуд биёрем, ки он дар ҳақиқат коршоям бошаду ҳам барои давлат ва ҳам барои журналистика ва ҳам барои ҷомеъа манфиатнок бошад. Бигузор дар садри Иттифоқи журналистон кадрҳои ҷавон биёянд, ки аз ӯҳдаи кор баромада тавонанд.

-  Ба ҳар ҳол Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як ниҳоди давлатӣ ҳаст. Оё  дар муносибати ҳукумат бо Шумо ва  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ягон фарқиятеро эҳсос мекунед?

-Бале, чунин фарқиятро дар муносибат мо эҳсос мекунем. Масалан порсол дар таҷлили ҷашни Ваҳдат аз Иттифоқи журналистон касеро даъват накарда буданд. Ман баъдан ибрози норизоият кардам. Гуфтам сиёсатмадор, нависанда мераваду меояд, вале журналист мераваду таърихро менависад. Теъдоди журналистон дар чунин чорабиниҳо бояд зиёд бошад. Онҳоро зиёдтар даъват кунед.

-Ҳамин муносибатро ҳини таҳия намудани аъзои ҳайатҳои расмии ҳукуматӣ дар сафарҳои хориҷ аз кишвар низ дидан мумкин аст. Бисёр вақтҳо ҳайатҳои ҳукуматӣ бидуни журналистҳо, махсусан журналистҳои расонаҳои мустақил ба мамолики хориҷ ба сафарҳои хидматӣ мераванд. Оё мумкин нест, ки шумо дар пеши роҳбарони ҳукумат ин масъаларо низ матраҳ кунед?

- Бояд бигӯм, ки Президенти ҷумҳурӣ инак 6-7 сол боз аст, ки қариб дар ҳамаи сафарҳои хориҷааш ба ҳайат журналистонро, ҳатто журналистони мустақилро дохил мекунад. Вале дар сатҳи поёнтар, ҳақиқатан ҳам шумо дуруст мегӯед, ин чиз риоя намешавад. Ман ҳамчун журналисти мустақил, мухбири «Чархи гардун», на ҳамчун раҳбари журналистони Тоҷикистон, борҳо дар ҳамин ҳайат бо Президент  ба хориҷ аз кишвар сафар кардаам. Роҳбарони дигар ниҳодҳо бояд аз Президент ибрат бигиранд.  Масалан рафтан ва ё нарафтани як вакили мардумӣ  ба хориҷ аз кишвар  ба чашми ҷомеа чандон маълум намешавад. Вале агар як журналист бираваду баъди бозгашт силсилаи мақолаҳояшро бинависад барои мардум ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ ин чиз манфиатовар буда метавонад. Масалан ман вақте ба хориҷа мерафтам бештар ба ҳаёту тарзи фаъолияти журналистони он кишварҳо диққат медодам. Таҷрибаи онҳоро меомӯхтам. Баъдан ба ғайр аз он ки дар бораи  натиҷаҳои сафар ва боздидҳоям мақола менавиштам, инчунин мекӯшидам як таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони хориҷии худро дар ин ҷо ҷорӣ кунам. Масалан ана ҳамин дар як толори калон ҷойгир кунондани тамоми ҳайати эҷодии нашрияҳоро ман дар хориҷа, дар Аврупо дидаму омада дар ин ҷо татбиқ кардам. Дар як толор ҷамъ кардани кормандони эҷодӣ аз ҳар ҷиҳат хуб аст. Аз якдигар меомӯзанд, ҳамдигарро назорат мекунанд, ки ҳамеша дар пайи кор бошанд, интернетро ба мақсадҳои корӣ истифода мебаранд ва ғайраву ғайра.

-Аз Интернет сухан гуфтед. Воқеан, вазъи журналистикаи интернетии моро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Журналистикаи интернетии мо ҳанӯз ҳам заъиф аст. Аксарияти рӯзномаҳо сайти худро доранд, вале дар муқоиса бо журналистикаи интернетии кишварҳои минтақа мо хеле ақибмонда ҳастем. Ҳукумат инро ба инобат гирифта ба вазоратхонаҳову муассисаҳои давлатӣ супориш додааст, ки сайтҳои худро кушоянд ва сайтҳоеро, ки аз ин пеш кушода шуда буд, фаъол намоянд. Сайтҳои моро аслан сайтҳои архивӣ бигӯем хато намекунем.

-Инро чӣ гуна фаҳмем?

-Масалан сайти мо «Чархи гардун» бештар характери архивӣ дорад. Яъне мо маводҳои худро ҳамчун бойгонӣ ҷамъ мекунем. Вале ҳастанд  дигар сайтҳои хабаргузориҳои кишвар, ки ҳаррӯз иттилооти нав медиҳанд ва аз мо беҳтар кор мекунанд. Азҷумла сайти шумо, сайти «Рӯзгор»-ро яке аз сайтҳои хуб мегӯянд. Ин гапи ман нест. Инро дар Шӯрои ҷамъиятие, ки дар назди Президент баргузор шуд,  таҳлилгароне, ки дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекарданд, гуфтанд. Ҷиҳати  рӯз ба рӯз зиёд шудани муштариёнаш,  зиёд ба табъ расидани маводҳои таҳлилиро  дар ин нашрия махсус қайд карданд.

-Лутф мекунед. Мехостам дар бораи забони матбуоти муосир фикру андешаҳои худро баён кунед?

- Ман баробари раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуданам гуфтам, ки барои вайрон кардани қоидаҳои имло дар матбуот ҷарима таъйин карда шавад. Ин суханони ман вокунишҳои шадидеро ба бор овард. Барои чӣ мо аз нозирони андоз ва ё дигар ниҳодҳои давлатӣ, вақте ки барои тафтиш меоянд, сахт метарсем? Кушиш мекунем, ки камбудӣ наёбанд, аз мо хурсанд раванд? Барои он ки онҳо метавонанд моро ҷарима банданд. Забон моли падару модари мову худат нест. Ин моли миллат аст ва барои вайрон кардани меъёрҳои он ҳатман бояд ҷазо бошад. Ман намегӯям, ки ин ҷазое бошад, ки ба баста шудани рӯзномаҳо оварда расонад. Риоя шудани меъёрҳои забониро ман барои ҳамаи забонҳо ҳам рӯсӣ ва ҳам англисӣ талаб дорам. Масалан ба наздикӣ як ташкилот ҷаласае барпо карда барномаи онро ба мо фиристод. Дар матни ин барнома ман 79 хатои имлоӣ дарёфт кардам. Ин беэътиноӣ, беҳурматӣ нисбати забони тоҷикиро нишон медиҳад. Дар навишти матнҳо ба забони русӣ низ мо ба ҳамин гуна хатоҳо роҳ медиҳем, Ин хатоҳоро мо дар шиорҳо, ғизономаҳо, дар эълонҳо ва ғайра мебинем. Охир, бародарон, мо танҳо нестем. Ба кишвари мо меҳмонҳо меоянд, онҳо мебинанду чӣ мегӯянд? Ба фикри ман яке аз вазифаҳои Кумитаи навтаъсиси истилоҳот маҳз аз ҳамин иборат аст.  Дар баробари назорат кардан аз болои шакли дурусти иҷрои меъёрҳои забонӣ он инчунин ба муассисаҳо дар навишти дурусти овезаҳо, матнҳо кӯмак бояд кунад. Масалан вазифаи Кумитаи андоз на танҳо ҷарима бастан аст. Балки кӯмак кардан ба фаъолияти дурусти тоҷирон низ мебошад. Мубориза барои тозагии забон на танҳо дар мо, балки дар тамоми кишварҳои дунё, азҷумла Фаронса, давлатҳои соҳили Балтик, Русия ва ғайра   як раванди маъмулӣ шуда истодааст. Забон моли миллат аст. Онро давлат бояд ҳифз кунад. Боре аз як тарҷумони забони англисӣ, ки хеле хуб тарҷума мекард, пурсидам, ки дар куҷо тарҷумониро ин қадар хуб омӯхтааст? Ӯ гуфт, ки забони англисиро  аз матбуот омӯхтааст. Забони матбуоти англисӣ беҳтарин забон аст. Дар мо чӣ? Имрӯз баъзе нашрияҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар навишташон ҳарҷи бештар калимаву ибораҳои русиро ҷой диҳанд. Як қисми нашрияҳои дигар бошад калимаву ибораҳои мушкилфаҳми арабиро истифода мебаранд. Инро роҳ додан ба ифрот дар забони матбуот мегӯянд. Чунин амалҳо бояд муҷозот шаванд. Дар ҳамин робита як чизи дигарро низ мехоҳам арз намоям. Дар матбуоти мо имрӯз псевдопатриотизм ё худ патриотизми дурӯғин зиёд шудааст. Масалан мегӯянд, ки «мо бояд ифтихор кунем, ки тоҷик ҳастем» Ин дурӯғ аст. Барои чӣ мо бояд аз тоҷик буданамон ифтихор кунем? Мо аз тоҷик будан ва якҷоя бо дигарон обод кардани кишварамон бояд ифтихор кунем. Ман аз тоҷике ифтихор мекунам, як ҷоеро обод кардааст. Масалан як тоҷик дар як гӯшаи дурдасти Русия мавзееро обод кардаасту ба он номи тоҷикӣ гузоштааст. Ман аз ин тоҷик ифтихор мекунам. Танҳо тоҷик будан мояи ифтихор кардан нест. Бо чунин ифтихор кор ҳам пеш намеравад, ҷамъият ҳам пеш намеравад.

- Барои чӣ журналистони тоҷик муттаҳид нестанд? Агарчӣ дар мо  созмонҳои зиёди журналистӣ арзи вуҷуд кардаанд, чаро  ҳамаи онҳо аз як гиребон сар намебароранд?

- Сабаби асосиашро дар амбитсияҳои шахсии роҳбарони ин созмонҳо ва манфиатҷӯии  иқтисодии ҳар яке аз ин ташкилотҳо бояд ҷуст. Ду бой ба ҳам метавонанд созиш кунанд. Барои мисол кишварҳои аврупоиро бинед.  Азбаски бою бадавлатанд бо ҳам дӯсту тифоқанд. Ду камбағал дар ҳамсоягӣ ҳамеша дар зиддиятанд. Барои мисол кишварҳои Осиёи Миёнаро бинед. Ҳамин қиёсро дар баробари ниҳодҳои журналистии Тоҷикистон овардан мумкин аст. Як сабаби набудани муттаҳидӣ дар журналистикаи тоҷик ҳамин аст, ки қариб ҳамаи нашрияҳо қашшоқанд. Решаи қашшоқии журналистикаи тоҷик дар он аст, ки хонандаи камбағал дорад. Вале ҳамаи ин ислоҳшаванда ҳаст. Мо ҳам мисли ҷомеъамон оҳиста-оҳиста пеш меравем. Ба ҳар ҳол агар объективона ба таҳаввулот назар андозем мебинем, ки ҷомеаи мо, кишвари мо оҳиста оҳиста пеш рафта истодааст. Ҳама чизро дар муқоиса бояд дид.  Яке аз дӯстонам дар сӯҳбатҳо ҳамеша ба воқеияти имрӯзаи мо бо назари танқидӣ менигарист. Дар ҳамаи корҳо камбудиро мекофт. Боре дидам, ки нуқтаи назараш ба бисёр воқеаҳо, рӯйдодҳо тағйир хӯрдааст. Сабабашро пурсидам. Гуфт, ки чанде пештар ба яке аз кишварҳои ҳамсоя сафар кардаму дар он ҷо фаҳмидам, ки зиндагонии мо дар муқоиса бо зиндагонии ин кишвар чӣ гуна беҳтар будааст. Дар ҳамон ҷо ман дарк кардам, ки ба қадри ин Ватан, ин зиндагии орому осуда бояд бирасем. Рафиқи дигарам, ки бештар ба кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ сафарҳо дорад, мехоҳад, ки Тоҷикистон бо ин кишварҳо баробар шавад. Ва ман мебинам, ки майли мо низ ба ҳамин тараф ҳаст. Даҳ сол пеш дар Амрико ман як нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дида бензинфурӯшҳои сари роҳи Тоҷикистонро ёд карда бо ҳасрат гуфтам, ки кай мо ба ин дараҷа мерасида бошем. Бубинед. ҳамагӣ даҳ сол нагузашта дар мо ҳамин гуна нуқтаҳои зебои фурӯши сӯзишворӣ хеле зиёд қомат афрохтанд. Хулоса ба оянда бо назари нек бояд нигарист. Боварӣ дорам, ки ояндаи мо ва журналистикаи мо боз ҳам хубтар хоҳад буд.

-Ташаккур барои сӯҳбати хуб. Барои Шумо ҳам Иди матбуоти тоҷикро табрик мегӯем.

-Ташаккур

Мусоҳиб Султони Ҳамад

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi