Мусобиқоти кушоди муҳорибаи ғайрикасбии "Унифайт" бахшида ба Рӯзи Артиши Миллӣ
Имрӯз дар толори маҷмааи варзишии "Якачинор"-и шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, мусобиқоти кушоди муҳорибаи ғайрикасбии "Унифайт", баргузор гардид.
Дар ин мусобиқот наврасону ҷавонон аз вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд.
Раиси федератсияи "Унифайт"-и ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷов, мусобиқотро ҳусни ифтитоҳ бахшида иштирокчиён ва ҳозиринро хайру мақдам гуфт. Ӯ изҳор дошт:
"Баргузории ин мусобиқот шансе аст, барои иштирок намудан дар бозиҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ".
Бо садо додани суруди миллӣ мусобиқот оғоз гардид.
Дар интиҳо ба наврасону ҷавононе, ки се ҷойи аввалро соҳиб гардиданд, бо медалҳо ва дипломҳо қадрдонӣ шуданд.
"Рӯзгор"