"РАСОНАҲОИ МУСТАҚИЛ АЗ ВАЗОРАТИ ДИФОЪ БА ДОДГОҲ ШИКОЯТ ХОҲАНД БУРД"
Намояндагони расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни баргузории нишасте гуфтаанд алайҳи вазорати дифоъи ин кишвар ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Нуриддин Қаршибоев, раиси анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфта заминаи ин тасмим изҳороти вазорати дифоъ аст, ки нашрияҳои мустақилро ба ҳимоят аз терруристҳо муттаҳам кардааст.
Раҳбарони расонаҳои мустақил, ки барои баррасии мавзуъи масдуд шудани сойтҳои интернетии бархе аз хабаргузориҳои мустақил нишаст ороста буданд, гуфтаанд ба нишони эътироз ба ин иқдом рӯзи панҷшанбеи оянда қисмате аз сафаҳоти ҳафтаномаҳои худро сафед чоп хоҳанд кард. Ин қисмат ҷои матолибе хоҳад буд, ки қарор буда ба мавзуъи даргирии давлат дар минтақаи Рашт бо гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки давлат онҳоро пайкорҷӯёни исломӣ меномад, ихтисос ёбад.
Маъмулан ҳафтаномаҳо дар Тоҷикистон дар рӯзи панҷшанбе нашр мешаванд, Оқои Қаршибоев дар нишасти раҳбарони расонаҳои мустақил, ки рӯзи душанбеи 4 октябр баргузор шуд, гуфт иттиҳоми ҳимоят аз терруристҳо иттиҳоми ҷиддӣ аст ва расонаҳои мустақил набояд чунин иттиҳомро таҳаммул кунанд. Раиси анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт агарчи вазорати дифоъ аз ҳеҷ нашрияе дар изҳороти худ ном набурдааст, аммо мушаххас аст, ки ин изҳорот ба баёнияи ахири расонаҳои мустақил иртибот дорад.
Дар ин баёния, ки чанд рӯз пеш мунташир шуд, нашрияҳои мустақил аз вазорати дифоъ хоста буданд барои он ки масъулони бархе аз нашрияҳоро дар робита ба пушиши даргирии нерӯҳои давлат бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт "иғвогар" хонда узрхоҳӣ кунад.
Аммо дар баёнияи худ вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки имрӯз, душанбеи 4 октябр дар сойти интернетии хабаргузории давлатии "Ховар" мунташир шуд, ин вазорат аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хостааст "ба ибрози назарҳои сиёсатмадорон ва мақолаҳои рӯзноманигорон баҳои ҳуқуқӣ дода ва дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷиноӣ гунаҳкоронро муҷозот кунанд."
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон дар ин изҳорот ба нақши расонаҳо ва нашрияҳои озод дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дар даҳаи 1990 ишора карда ва онҳоро "ҳезумкаши алангаи ҷанги шаҳрвандӣ" хондааст. Баёнияи вазири дифоъи Тоҷикистон дар замоне мунташир шуд, ки ба эътиқоди сардабирони нашрияҳои мустақил ва колршиносон, фишор бар расонаҳо ва нашрияҳои мустақил пас аз бурузи бесуботӣ дар шарқи кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
Хуршеди Атоулло, сардабири “Фараж”, дар як нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки мушкили ба даст овардани иттилоъ аз минтақаи даргириҳо дар водии Рашт, ҳамалоти лафзии мақомоти давлатӣ ба нашрияҳои мустақил ва масдуд шудани сойтҳои интернетии мустақил аз ҷумлаи мавонеъест, ки давлат ахиран дар роҳи фаъолияти расонаҳо эҷод кардааст.
Ҳамчунин аз шоми чаҳоршанбеи 29 сентябр дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сойтҳои “avesta.tj” ва “tjknews.com” қатъ гардидааст. Давлати Тоҷикистон ҳамвора дар робита ба эҷоди маҳдудиятҳо барои матбуъоти мустақил мавриди интиқоди созмонҳои дифоъ аз озодии матбуъот ва фаъолони озодии баён дар дохил ва хориҷи кишвар қарор гирифтааст.
ИНТИҚОДИ ВАЗИРИ ДИФОЪ АЗ МАТБУОТ
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3282-q---------q.html