20:30:19 22-уми Майи 2025 сол

НИГАРОНИИ САФИРОНИ КИШВАРҲОИ ҒАРБӢ

Cафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Ҷумҳурии Фаронса ва Раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо нигаронии хешро аз вазъияти кунунии озодии васоити ахбори омма дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ иброз намуданд.

 

farajОнҳо иброз доштанд, ки тибқи гузоришҳо се рӯзнома, «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ», бо сабаби надоштани имконияти чопи рӯзномаҳои худ дар асоси фармонҳо аз ҷониби мансабдорони давлатӣ пӯшида шуданд. Сафирон иброз доштанд, ки 29 сентябр ҷонишини Вазири нақлиёт ва алоқа ҷаноби Бек Зуҳуров ба ҳамаи провайдерҳои асосии интернет амр карданд, то дастрасиро ба панҷ сомонаи иттилоотии мустақил: Tojnews.tj; Avesta.tj; Tjknews.com, Centrasia.ru and Ferghana.ru қатъ кунанд.

 

Онхо изҳороти кушодаи мансабдорони давлатиро бо танқиди васоити ахбори оммаи мустақил иқтибос оварданд. Сафирон нисбати он изҳори нигаронӣ намуданд, ки сеюми сентябр Қамар Аҳрор аз радиои «Озодӣ» ва Тилав Расулзода аз оҷонсии иттилоотии «Фарғона» дар рафти омода намудани пахши иттилоотӣ оид ба ҳамлаи террористӣ ба участкаи милитсия дар шаҳри Хуҷанд боздошт карда шуданд ва аксҳои гирифтаи онҳо маҳв карда шуданд. Онҳо иброз доштанд, ки парвандаҳои судӣ нисбати «Азия-Плюс», «Фараж», «Озодагон», «Пайкон» ва «Миллат» дар робита бо чопи мақолаҳои ҳукуматро танқидкунанда давом доранд.

 

Ин қазияҳо бадшавии фазоро барои васоити ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон инъикос менамоянд. Сафирон ҳукумати Тоҷикистонро даъват намуданд, ки ҷонибдори ӯҳдадориҳои дар доираи САҲА ба зимма гирифтаи худ дар соҳаи озодии матбуот ва озодии иттилоот бошад.  Хусусан ҳукумат набояд ба интишори рӯзномаҳо дахолат кунад ва бояд дастрасии бемамониятро ба ҳамаи сомонаҳои интернетии васоити ахбори омма таъмин намояд.

 

Онҳо инчунин даъват намуданд, то парвандаҳои судии нисбати рӯзномаҳои мустақил зудтар ва мусолиматомезона ҳал шаванд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон исроркорона даъват ба ҷо оварданд, то ба рӯзноманигорон иҷозати дастрасии озод ба иттилооти воқеӣ дода шавад, то ки мардуми Тоҷикистон аз ҳуқуқ ба иттилоот маҳрум нагарданд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3456-2010-10-29-18-21-12.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ