01:18:14 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАШВИШҲОИ ЖУРНАЛИСТӢ: КАСБИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ

 

 

Рӯзи 18 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавваре доир гардид, ки дар он банда низ суханронӣ намудам. Вале баътар, чунончи маълум шуд, баъзе аз ҳамкасбони мо аз сабаби пурра нафаҳмидани мӯҳтавои суханрониҳо изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ин хотир мехоҳам баъзе нуқтаҳои баҳсталаби ин маърӯзаамро шарҳ диҳам.


Чаро мо рӯзнома надорем?


Воқеан, набудани рӯзнома ё нашрияе, ки ҳаррӯз ба табъ расида ба мардум расад, боиси нигаронии журналистикаи тоҷик гардидааст. Оё ширкатҳое, ки имрӯз ба табъу нашри ҳафтаномаҳо машғул ҳастанд, қудрати баровардани рӯзномаҳоро надоранд?

Ба ин савол ҷавоб додан кори саҳл нест, зеро тавре медонем, тайи 20 сол аст, ки дар Тоҷикистон рӯзнома нашр намешавад дар ин муддат насли дигаре ба воя расид, ки онҳо чӣ будани рӯзномаро намедонанд. Яъне, тавре, дар замони шӯравӣ кори аксарияти одамон ҳар субҳ аз харидан ва хондани рӯзнома оғоз мегардид, дар насли ҷавонони имрӯза одат нашудааст. Биноан, танҳо барои шикастани чунин психологияи одатнашуда вақт ва маблағи зиёд лозим аст. Аз ҷониби дигар, аксарияти журналистони мо низ тайи ин муддат одат кардаанд, ки барои ҳафтаномаҳо нависанд. Барҳам задани ин қолаб низ вақт ва маблағи зиёдатӣ тақозо мекунад ва аз ҳама омили асосӣ набудани як хадомоти муосири паҳнкунии рӯзномаҳо мебошад, ки мутаассифона, то ҳол дар Тоҷикистон роҳандозӣ нагаштааст. Мегӯянд, ки «дар ҷӯи ноканда об намеравад». Воқеан ҳам, то чунин як воситаи паҳнкунандаи ба талаботи замона ҷавобгӯ сохта нашавад, кӯшишҳои ҷудогона натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Чунин сохтори паҳнкунии рӯзномаҳо бояд ғайридавлатӣ бошанд, вале бо дастгирии ҳукумат ё ташкилотҳои байналхалқие, ки даъвои кӯмак ба ВАО-ро доранд, сохта шавад. Чӣ тавр?

Давлат бояд ба созмони ғайридавлатие, ки мехоҳад сохтани чунин як хадамоти рӯзномапаҳнкуниро ба ӯҳда гирад, қарзи дарозмуддати бефоиз диҳад ё ташкилотҳои байналхалқӣ ба ин созмон бурсҳои мақсаднок ҷудо намоянд. Чунин таҷрибаҳо дар дигар давлатҳои дунё зиёд аст, метавон онҳоро омӯхт. Дар сурати ба роҳ мондани чунин умур, итминон дорам, ки даҳҳо рӯзномаҳо дар бозори дохилии кишвар пайдо мешаванд. Бо пайдо шудани рӯзномаҳо чандин мушкилоти дигари соҳа ҳалли худро хоҳад ёфт, аз ҷумла камии маош ва кадрҳо.


Дар асри иттилоотӣ чӣ гуна аз манфиатҳои миллии худ дифоъ кунем?


Тавре дар Паёми худ Президенти кишвар як далел оварданд, мутобиқи таҳлили коршиносон солҳои 2004-2007 аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, ки дар Тоҷикистон маъмулан, қариб 30 ҳазор хабару гузориш интишор ёфтааст. Зиёда аз 80 фоизи онҳо фақат аз тӯҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошад.

Ин раванди номатлуб,- ишора намуд Э.Раҳмон,-имрӯз боз ҳам қувват гирифтааст ва даъват намуд: «манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошанд, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор диҳанд».

Вобаста ба ин нигарониҳои Сарвари давлат чанд пешниҳод дорам. Воситаи ахбори оммаи давлатӣ бояд акнун аз минбари дохилӣ ба минбари байналмилалӣ ва минтақавӣ табдил ёбанд. Бояд як маркази таҳлилию иттилоотии тавоно барои ҷавоб гуфтан ба ҳарзаҳои интернетӣ ва дифои манфиатҳои миллӣ аз ҳисоби журналистон ва таҳлилгарони қавӣ бунёд гардад. Вале маоши онҳо бояд хеле баланд бошад, зеро он шахсоне, ки бар зидди Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетӣ кор мебаранд, маблағи кам намегиранд. Манзурам ин ки бояд журналистону таҳлилгарони мо низ дар сатҳи касбият ва ҳам гирифтани ҳаққу заҳмат дар як поя қарор дошта бошанд. Он гоҳ «набард» воқеӣ хоҳад шуд.

Вақтҳои охир рӯзномаҳои ғайридавлатӣ низ дар дифои манфиатҳои минтақавӣ хеле фаъол гаштаанд, ки ин боиси хушнудист. Вале назарҳое, ки дар баъзе рӯзномаҳо иброз мегарданд, инфиродӣ буда, дар аксари вақт аз эҳсосот орӣ нестанд. Ва бе таҳлили ҳамаҷониба ва ба назар нагирифтани баъзе ҷузъиёти дипломатӣ метавонанд ба муносибатҳои байнидавлатӣ халал ворид созанд.

Аз ин рӯ, ба андешаи ман, бояд як маркази иттлоотӣ – таҳлилие бошад, ки коршиносони он дар мавридҳои зарурӣ тавонанд тавассути дигар расонаҳо ҷавобҳои саҳеҳ ва андешаҳои пухтаро иброз намоянд.


Бозори озод ё обунаи маҷбурӣ


Ба андешаи инҷониб обунаи маҷбурӣ ҳам ду намуд мешавад.
1.Обунае, ки рӯзномаи давлатӣ ба ҳар хонадони тоҷик рафта мерасад.
2.Обунае, ки рӯзномаи давлатӣ танҳо ба идораҳою муассисаҳои давлатӣ меравад ва аз он ҷо дигар берун намешавад.


Кадом тарзи обунае, ки бошад, маблағ аз хазинаи давлат аст ва кам мансабдороне пайдо мешаванд, ки аз ҳисоби кисаи худ обуна шаванд. Ҳатман обуна аз ҳисоби буҷет сурат мегирад. Ман тарафдори обунаи манҷбурие ҳастам, ки аз ҳисоби буҷет бошаду аммо ба ҳар хонадони тоҷик рафта расад, ақаллан ба ҳар деҳа 10-20 нусха рӯзнома дасрас гардад. Мансабдорони давлатӣ аз ҳисоби кисаи худашон ихтиёрӣ обуна шаванд. Ё барои онҳо шакли бюллетении рӯзнома фиристода шавад. Дар он вақт ин тарзи обуна дуруст хоҳад буд. Дар ҳолате ки обуна танҳо барои идораҳои давлатӣ бошад, қобили қабул нест. Дар сурати чунин ранг гирифтани ҳол, мо тарафдорем, ки рӯзномаҳои давлатӣ низ ба бозори озод баромада, бо дигар расонаҳо дар рақобат бошанд. Ҳатто зимни як суханронӣ Сарвари давлат низ ба ин нуқта ишора намуда, аз рӯзномаҳои давлатӣ тақозо намуда буданд, ки дар бозор ҷой ва мавқеи худро ёбанд. Мо ҳам тарафдори чунин пешниҳодем.

Дар шароити бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки хароҷоти буҷавии дуюмдараҷаро кам кунад. Вобаста ба ин масъала, таваҷҷӯҳи ҳукуматро ба он ҷалб менамоем, ки ҳоло дар назди аксар сохторҳои давлатӣ рӯзномаву маҷаллаҳои зиёди соҳавие ба нашр мерасанду яксарати онҳо ҷавобгӯи мақсадҳояшон нестанд. Бештари онҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ чоп мешаванд. Бояд дар ин сурат низ таҳлил гузаронида, ин гуна нашрияҳоро аз байн бубарем. Шояд бадали онҳо ба бюллетенҳои электронӣ мувофиқи мақсад бошад. Ё онҳо метавонанд тавассути дигар нашрияҳо дар бораи проблемаҳои соҳавияшон мақолаҳо ба табъ расонанд.


Аз музофот то пойтахт ё баръакс?  


Масъалаи вазъи рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аксариятро ба ташвиш овардааст. Чунин навъи рӯзномаҳо мероси шӯравист, ки дар шароити кунунӣ зарурати эҳё намудани онҳо дар гумон аст. Ва фикр мекунам, дар он шакле, ки буду ҳаст, зарурат ҳам надорад, зеро маблағҳои зиёдро талаб мекунад. Вобаста ба ҳалли ин масъала ду варианти воқеӣ пешниҳод дорам.

1.Бояд ҳайати редаксияҳои чанд ноҳияи як минтақа якҷоя шуда, як рӯзномаи минтақавӣ ба табъ расонанд. Масалан, аз шаҳри Ваҳдат то ноҳияи Ҷилгатол ва амсоли ин дар дигар шаҳру навоҳии кишвар.

2.Рӯзномаҳои давлатии ҷумҳуриявию вилоятию шаҳрию ноҳиявиро қариб 60-70 фисади маводашон такрори ҳамдигар ҳастанд. Яъне ин суханрониҳои Президент, қарору фармонҳо ва ғайра. Барои халосӣ аз ин такрориҳо ва сарфаи маблағ чӣ метавон кард?


Масалан, рӯзномаи «Ҷумҳурият»-нашрияи расмии кишвар метавонад, дар се ё чор замима чоп шавад. Қисмати асосии рӯзнома, ки аз хабарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иборатанд, дар пойтахт омада гашта ба маркази вилоятҳо тавассути интернет ирсол мегарданд. 

Шӯъбаи вилоятии рӯзнома замимаи ҳамномро (масалан «Ҷумҳурият-Хатлон» ё «Ҷумҳурият-Суғд») танҳо аз хабарҳои сатҳи вилоятӣ омада сохта, ба «Ҷумҳурият»-и марказӣ замима мегардад. Замимаи сеюм ин як варақаи начандон калони ноҳиявӣ, иборат аз хабарҳои танҳо як ноҳия гашта, ба ду замимаи аввал, яъне ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ҳамроҳ мегардад. 

Хабарҳое, ки дар ноҳия ва вилоят омада мешаванд, фавран тавассути почтаи электронӣ ба идораи маркази рӯзнома, ки дар пойтахт қарор дорад, фиристода мешавад. Баъди қабули муҳаррири масъул агар хабар аҳамияти умумии ҷумҳуриявӣ дошта бошад, дар саҳифаҳои замимаи марказӣ ҷой мегирад, агар не, фавран баъди таҳрир бозпас фиристода мешавад ва он дар замимаи вилоятӣ ё ноҳиявӣ ҷой хоҳад гирифт. 

Барои амалӣ намудани ин нақша чанд чопхонаҳое, ки алъон дар бозорҳои Чину Ҳиндустон чандон қимат нестанд, харидорӣ карда, ақаллан дар маркази вилоятҳо насб намудан мувофиқи мақсад аст. Барои он ки озодии хабарнигорон бештар бошад ва мутею дастнигари ҳокимияти маҳаллӣ набошанд, онҳо маошро аз дафтари марказӣ мегиранд. Дар ин сурат, онҳо метавонанд озодона нисбат ба мушкилоти ноҳия ва роҳбарияти он сухан ронанд ё мақолаҳои танқидии нишонрасро ба чоп расонанд.


Журналист дар пойтахт таҳсил намояд


Ба андешаи мо таълим дар факултаҳои журналистика ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Фаъолияти факултаҳои журналистӣ бояд мавриди омӯзиши аниқ қарор гирифта, ҳамаи бахшҳои вилоятиро бояд дар базаи техникӣ ва ҳайати таълимдиҳандагон дар Донишгоҳи миллӣ муттаҳид намуд.

Агар чун таҷрибаи даврони шӯравӣ, ҳар як довталаби факултаи журналистӣ мавриди дохил шудан маводи чопиашро пешниҳод менамуд, мувофиқ мақсад мебуд. Донишҷӯи журналист аз донишҷӯи дигар факултаҳо фарқ дорад, ӯ танҳо дар пойтахт обутоб ёфта, баъдан бояд ва вилояту ноҳияи худ баргардад ва рисолати аслии хешро иҷро намояд.


Ва чанд нуқтаи дигар


Вобаста ба вазъи забони матбуоти муосир ақидаи мо тағйир наёфтааст. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки ба хотири таҳким ва гузтариши забони давлатӣ ҷорӣ намудани ҷарима барои вайрон кардани миъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқи мақсад аст. На танҳо забони матбуот, балки забони таъомномаҳои тарабхонаҳо, пештоқҳо, шиору навиштаҳо, даъватномаю барномаҳо, китобҳо ва ғайраҳо бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад. Ҳамчунин бо забонҳои русиву инглисӣ низ навиштаҷот бояд бехато бошад, зеро ба кишвари мо хориҷиёни зиёд меоянд. Вақтҳои охир дар матбуоти тоҷик дар баробари равандҳои солим зиёдаравӣ ва ба эҳсосот дода шудан ба назар мерасанд, ки ин падидаи хуб нест. Ҳамчунин, таҳмилсозии ақидаҳои журналистони алоҳида бар хонандагон зиёд гашта, ки ин тамоюл низ боиси нигаронӣ аст. Ба ақидаи мо бояд журналистон бештар ба фикри коршиносону мутахасисон такя карда, аз далелу рақамҳои санҷидашуда истифода кунанд, дар он сурат касбияти онҳо баланд ва масъулияташон зиёд хоҳад шуд.

Акбаралӣ САТТОРОВ,
Раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi