21:33:14 30-уми Июни 2025 сол

CPJ БА МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН: "ИСМОИЛОВРО ОЗОД КУНЕД!"

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) аз ҷараёни муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоилов изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти нави худ ин созмони байнулмилалӣ аз мақомоти тоҷик хост, айбномаи зидди хабарнигори маҳаллии нашрияи "Нури зиндагӣ" бекор ва парвандаи ӯ баста шавад.

/images/stories/2011/09/30_press_30.9.2011.jpgКумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, ки қароргоҳаш дар Ню Йорк аст, аз хабари он ки намояндаи додситонӣ барои Исмоилов ҳукми 16 соли ҳабсро дархост кардааст, шадидан нигарон шуда, гуфтааст, дар сурати қабул шудани ин ҳукм Муҳаммадюсуф Исмоилов аввалин рӯзноманигори тоҷик хоҳад буд, ки дар даҳ соли охир ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ мешавад.

Дар воқеъ, дар ҷаласаи додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 29-уми сентябр намояндаи додситонӣ аз додгоҳ хост Исмоилов ба 16 соли ҳабс маҳкум шавад, вале ҳамзамон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афв ин мӯҳлат метавонад ду сол камтар, яъне 14 сол бошад.

Хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ", ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир, тамаъҷӯӣ ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад. Муҳаббат Ҷӯраева -- вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, айбномаи нафари таҳти ҳимояти ӯ бояд комилан бекор карда шавад, зеро исботи худро наёфтааст. Аммо Кумитаи забони Тоҷикистон мавҷудияти таҳқири мансабдори давлатиро дар навиштаҳои Исмоилов тасдиқ кардааст. Вакили дифоъ эътироз дорад, ки ташхис аз тарафи ниҳоди бетараф ҷараён нагирифта, Кумитаи забон як ниҳоди ҳукуматӣ мебошад.

Боздошти хабарнигори "Нури зиндагӣ" вокуниши густардаеро дар байни рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Cозмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро вокуниши мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида, ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Рӯзи 29-уми сентябр раҳбари НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов "хосияти фармоишӣ" дорад ва дар заминаи навиштаҳои интиқодии ӯ ба миён омадааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ