05:00:51 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БИСТ СОЛ ПАС АЗ ҚАТЛИ МУРОДУЛЛОҲ ШЕРЪАЛИЗОДА

Асри 5 майи соли 1992 дар саҳни сохтмони Шӯрои Олӣ ё порлумони вақти Тоҷикистон Муродуллоҳ Шеръализода кушта шуд. Гулӯлаи туфанги Колошников риштаи умри ин намояндаи порлумон ва сардабири "Садои мардум", нашрияи порлумониро, гусаст.

/images/stories/2012/05/06_sheralizoda-6.5.12.jpgБархе аз шоҳидони ҳодиса ин қатлро аз ҷумлаи нахустин хунрезие хондаанд, ки дар авҷи тазоҳуроти тӯлонӣ ва мухолифатҳои шадид миёни майдонҳои "Шаҳидон" ва "Озодӣ" дар шаҳри Душанбе рух дод ва ба як ҷанги дохилии паҷнсола доман зад.

Бино ба иттилоъи манобеъи расмӣ, Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақти Тоҷикистон, рӯзи 1 майи соли 1992 дар мавриди таъсиси гурдони вижаи Горди миллӣ фармоне содир кард ва ба афроди майдони "Озодӣ", тарафдорони давлати вақт, 1800 адад туфанги Колошников тавзеъ кард. Ҳамзамон, дар миёни мухолифони исломгаро ва демукроти давлати кумунистии Тоҷикистон дар майдони "Шаҳидон" низ силоҳҳое пайдо шуданд.

Шарифи Ҳамдампур, корманди собиқи масъули ин нашрия ва аз наздикони Муродуллоҳ Шеръализода, зимни ёдоварӣ аз ҳодисаи қатли ӯ мегӯяд, ки чанд дақиқа қабл аз вуқӯъи фоҷеъа ӯ дар утоқе дар табақаи севуми сохтмони порлумон бо Муродуллоҳ Шеръализода ва Рашид Олимов, намояндаи порлумон, ки баъдан вазири хориҷа шуд, суҳбат доштааст.

Вай гуфт: "Ҳамон лаҳза ҳамсараш телефун карда ва гуфт, ки меҳмонҳо аз деҳа омадаанд. Бо телефун бо ҳамсараш суҳбат кард. Мо берун рафтем. Дар ҳамон соъат аҷсоди кушташудагон ва маҷрӯҳон дар ҳодисаи Оли Совети ноҳияи Ленинро ба майдони "Озодӣ" оварда буданд. Оташи ғазаби тазоҳургарон боло гирифта буд. Садоҳо ва ғавғо зиёд буд."

Ба гуфтаи оқои Ҳамдампур, сипас, Муродуллоҳ Шеръализода ба табақаи пойин рафта ва пас аз 7-8 дақиқа Рашид Олимов хабари нохуши марги ӯро овардааст. Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон, низ мегӯяд, ки дақоиқе қабл аз ин ҳодиса ӯ бо Муродуллоҳ Шеръализода ба табақаи пойини сохтмони порлумон рафта буд.

Вай дар табақаи дувум чанд тан аз дӯстонашро дида ва бо онҳо салому ҳолпурсӣ кардааст. Дар ҳамин лаҳза садои тирандозӣ шунида шуда ва як хабарнигор ба ӯ аз кушта шудани Муродуллоҳ Шеръализода хабар додааст.

Оқои Шабдолов гуфт: "Ман манзараи қатлро бо чашми худ надидам. Талотӯб буд. Ҳама шукка (шок) шуда будем. Зеро ин ҳодиса ғайримунтазира буд. Ба ӯ касе таҳдид накарда буд. Агар таҳдид мешуд, ман ҳатман воқиф мешудам. Манзили мо дар як ҷо буд, ҳамсоя будем. Ман дар табақаи 3 ва ӯ дар табақаи 4 зиндагӣ мекардем."

Шарифи Ҳамдампур ёдоварӣ мекунад: "Ман дар назди ҷасад танҳо мондам. Вакилон дар порлумон ҳузур доштанд, аммо касе берун намеомад, ҳама аз тиреза (панҷара) тамошо мекарданд. Сипас, ба назди Сафаръалӣ Кенҷаев, раиси порлумони вақт, рафтам. Дар қабулгоҳ (пазириш) чанд захмӣ оварда буданд. Барои бурдани ҷасад кумак хостам. Раис гуфт, ки ҳоло аз дастам коре намеояд. Ҳарҷу марҷ буд."

Оқои Ҳамдампур гуфт, ки ба Инъомов, вазири вақти беҳдошт телефун кардааст. Вай гуфтааст, ки худрави уржонс фиристода, аммо ба далели сангарҳо дар хиёбон имкони убур набудааст. Як афсар бо номи Рустам бо ду сарбоз рафта ва худравро аз бунбаст раҳо карданд.

Шарифи Ҳамдампур мегӯяд, ки шоми он рӯз ҷасадро ба сардхонаи бемористони Қарияи Боло ва субҳ ба манзилаш бурдаанд. Ҷанозаи Муродуллоҳ Шеръализода дар зодгоҳаш дар рустои Кулолии ноҳияи Панҷакент ба хок супурда шудааст.

'Омилони қатл маълум нестанд'

Бар асоси натоиҷи муъоинаи пизишки қонунӣ, гулӯла ба қисмати пушти Муродуллоҳ Шеръализода исобат карда ва рия (шуш)-ашро пора кардааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар он замон дар сохтмони порлумон танҳо аъзои гурдони вижаи Горди миллӣ ба раҳбарии Бӯрихон Ҷобиров мустақар будааст.

Тибқи иттилоъи баъзе манобеъ, як сарбози ин гурдон аз "беэҳтиётӣ" шиллик карда ва гулӯла ба Муродуллоҳ Шеръализода исобат кардааст. Шарифи Ҳамдампур мегӯяд: "Билофосила Қурбонов, муъовини додситони шаҳри Душанбе, ба маҳалли ҳодиса омад. Садои тирандозӣ шунида мешуд. Баъдтар маълум шуд, ки аъзои горди миллӣ ба ҳаво тирандозӣ кардаанд."

Давлати Усмон, раиси ситоди Иттиҳоди мухолифони пешини давлати Тоҷикистон, мегӯяд, ки он замон афроди мухолифон дар майдони "Шаҳидон" дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ қарор дошта ва дар қатли Муродуллоҳ Шеръализода даст надоштаанд.

Шодӣ Шабдолов мегӯяд: "Шояд ин қатл тасодуфӣ буд. Ӯ узви ҳизби кумунист буд. Суханрониҳояш дар порлумон тезу тунд буд. Ман низ чунин суҳбат мекардам. Мо аз хатари ҷанг ё даргирӣ ҳушдор медодем. Тавтеа аз хориҷи кишвар буд, нерӯҳои мо гӯл хӯрданд."

То ҳол натоиҷи таҳқиқи қазияи қатли Муродуллоҳ Шеръализода эълом ва омилон муҷозот нашудаанд. Зимнан, дар соли 2000 бо дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои марбут ба қатлҳои пурсарусадо, ки дар замони нооромиҳои ин кишвар дар даҳаи 1990 рух дода буданд, дубора таҳқиқ шуданд.

Ба ин манзур аз ҷумлаи кормандони Додситонии кул ва Вазорати кишвар кумисиюни вижае таъсис шуда буд. Аз ҷумла, ҳодисаи қатли Муҳиддини Олимпур, хабарнигори фақиди Би-би-сӣ, дубора таҳқиқ шуд. Аммо ҳодисаи қатли Муродуллоҳ Шеръализода дар ин феҳрист набуд.

Бар асоси мусаввабаи Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1993 қарор буд хиёбоне дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Муродуллоҳ Шеръализода номгузорӣ шуда, дар хиёбон нимпайкараи ӯ ифтитоҳ шавад. Ҳамчунин тасмим шуда буд, ки Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ҷоизае ба номи Муродуллоҳ Шеръализода таъсис диҳад.

Аммо то ҳол танҳо хиёбоне дар шаҳри Душанбе номи Муродуллоҳ Шеръализодаро гирифта, аммо ду банди дигари ин мусвваба иҷро нашудааст. Кароматуллоҳи Аҳмад, рӯзноманигор ва сокини хиёбони Муродуллоҳ Шеръализода, мегӯяд, чанд сол қабл пояи ин нимпайкара бунёд шуда буд, аммо ба далоили номаълум ҳанӯз ин нимпайкара ифтитоҳ нашудааст.

Аз сӯйи дигар, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, далели таъвиқ дар таъсиси ҷоизаи Муродуллоҳ Шеръализодаро ба мушкилоти молӣ ва камбуди ҳазина марбут хонд. Оқои Саттор гуфт, ки ин иттиҳодия барои пайдо кардани манобеъи молӣ барои ин ҷоиза талош мекунад.

Дархости кумак аз раиси ҷумҳурӣ

Фавти Муродуллоҳ Шеръализода дар вазъи зиндагии хонаводаи ӯ асароти номатлубе гузоштааст. Фарзанди кӯчаки Муродуллоҳ Шеръализода пас аз фавти ӯ ба дунё омада ва ба ӯ номи падараш, яъне Муродуллоҳро, гузоштаанд. Ҳамсар ва фарзандони Муродуллоҳ Шеръализода дар остонаи бистумин солгарди кушта шуданаш дар номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ӯ дархости кумак кардаанд.

Пас аз марги Муродуллоҳ Шеръализода аҳли хонаводааш маҷбур шудаанд барои таъмини зиндагияшон опортемони худ дар сохтмонеро, ки қаблан ба кумитаи марказии Ҳизби куммунисти Тоҷикистон таъаллуқ дошт, бифурӯшанд ва дар яке аз хиёбонҳои дигари шаҳри Душанбе як опортемони сеутоқа харидорӣ кунанд.

Ҳоло дар ин манзил ду фарзанди Муродуллоҳ Шеръализода бо ҳамсарону фарзандон, Хосият хонум ва ду фарзанди дигари ӯ ба сар мебаранд. Ҳамакнун онҳо умедворанд, ки давлати Тоҷикистон ба поси хотири падарашон манзиле барои фарзандонаш ихтисос диҳад.
Мардони Муҳаммад, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi