АЛИАСҒАРИ ШЕЪРДӮСТ: «НАМОИШГОҲИ АКСҲОИ ОЛИМПУРРО СОЛИ ОЯНДА ДАР ЭРОН БАРГУЗОР ХОҲЕМ КАРД»
Чил акси шодравон Муҳиддини Олимпур, собиқ аккос ва хабарнигори бахши форсии радиои ББС, дар як намоишгоҳе дар нигорхонаи «Мино»-и марбути Иттиҳодияи Меъморони Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар ифтитоҳияи ин намоишгоҳ, ки бахшида ба 17-умин солрӯзи марги ин журналисти маъруфи тоҷик аз сӯи Бунёди байналмилалии Олимпур бо кӯмаки бахши тоҷикистонии Бунёди Сорос созмондиҳӣ шудааст, аҳли зиёи тоҷик ва дипломатҳои хориҷӣ, азҷумла сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Фаронса, инчунин Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ширкат намуданд.
Ҳамза Камол, раиси Бунёди байналмилалии Олимпур, Алиасғари Шеърдӯст, сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ортиқи Қодир, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Исфандиёри Одина, раҳбари шӯъбаи тоҷикистонии бахши форсии радиои ББС ва дигарон дар суханрониҳо худ зикри хайри Муҳиддини Олимпурро намуда аз зиндагиномаи ӯ ба некӣ ёд карданд.
Азҷумла гуфта шуд, ки Муҳиддин Олимпур дар журналистикаи тоҷик аз нахустин рӯзноманигороне буд, ки дар ба ҳам наздик кардан ва аз ҳаёту фаъолияти ҳамдигар бохабар сохтани зиёиёни се кишвари ҳамзабон Тоҷикистону Эрону Афғонистон талошу хизматҳои зиёде кардааст.
Бо ибтикори ӯ дар телевизони Тоҷикистон барномаи «Ситораҳои Шарқ» роҳандозӣ шуд, ки аз маҳбубияти зиёде бархурдор буд. Ҳангоми ба ҳайси хабарнигори бахши форсии радиои ББС фаъолият карданаш бо ибтикори ӯ сафари ҳунарии яке аз беҳтарин хонандаҳои эронӣ Саттор ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.
Алиасғари Шеърдӯст гуфт, ки дар нахустин сафари Олимпур ба ҶИЭ ӯро шахсан ҳамроҳӣ кардааст ва акнун талош хоҳад варзид, ки чунин як намоишгоҳи аксҳои ӯро соли оянда дар Эрон, кишваре, ки онро Олимпур «бӯи модар мекунад» мегуфт, баргузор намоянд.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки аксҳои Олимпур имрӯз, чунин ба назар мерасад, ки аз аксҳои оддии хабарнигорӣ ба як асари дорои қиммати фарҳангӣ дошта табдил ёфтаанд. «Ман имрӯз дар баробари тамошои ин аксҳои ҷолиб чунин эҳсос кардам, ки муаллифи ин аксҳо низ аз дохили он манзараҳои дилфиреб ба мо нигоҳ мекунаду моро ба дарки масъулияти бештар водор месозад»-, афзуд ӯ.
Ин 8-умин намоишгоҳи аксҳои Муҳиддини Олимпур аст, ки баъди марги ӯ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Муҳиддини Олимпур 13-уми декабри соли 1995 дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳодат расида буд.
«Рӯзгор»