03:40:12 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нияти неки Теплитский

Талабшоҳи Салом, махсус барои «Рӯзгор»

Биноҳои баландошёнаи Маскав аз ривоҷи сохтмонҳои мухталифи замонавӣ башорат медиҳанд. Дар ин шаҳри азим гузаре куллан биноҳои якнавохт дорад, гузари дигаре дорои биноҳои гуногуношёнаву мухталифшакл аст.

1.toplinskiy-454545Дарахтони сабзу хуррам, ки бар асари борон баргҳояшон назифу муҷалло шудаанд, атрофи бино қомат афрохта, ки ба зебогии ин шаҳр зебогии дигаре зам менамоянд. Чунин манзараҳои дилараборо дар навоҳии атрофи шаҳри Маскав ҳам ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Назофати саҳни баландошёнаҳо рӯҳро болида месозад. Алалхусус, назофати қисме аз баландошёнаҳои поселкаи "Поведники"-и ноҳияи Митишии Русия бар маҳзи заҳамоти муҳоҷири тоҷик ҳифз шудааст.

Зокир Холов, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон, зодаи деҳаи Отчапари ноҳияи Панҷ сарвари дастаи масъулини назофати саҳни иддае аз баландошёнаҳои ин маҳал аст, ки 7-ум соли кориашро дар ин ҷо сипарӣ менамояд. Тавре худи ӯ иқрор аст, замоне, ки ӯ ин ҷо ба кор оғоз кард, яке аз аввалин биноҳои ин маҳал қомат меафрохт, яъне ба пуррагӣ сохтмони он ба итмом нарасида буд. Инак, ӯ ва дастааш масъули тозагии 13 бино мебошад. Феълан кордиҳандаи даста Идораи давлатии зист ва баҳрабардорӣ (ГЖЭУ)-и рақами 4-и ноҳияи Митиши маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҷанбаи дигари масъаларо низ бояд мутазаккир шуд, ки ӯ ва ҳамроҳонаш, ҳарчанд дар ҳифозати саҳни биноҳо саҳиманд, вале макони зисташон таҳхона аст. Таҳхонае, ки аз оддитарин шароити зиндагӣ ва гигиению санитарӣ бархӯрдор нест. Ҳатто фарш надорад, "фарш"-и он иборат аз сангреза (шебен) асту рӯйи сангрезаҳо қолини густарда. Таҳхона аз чанд утоқ иборат аст, ки яке беҳтар аз дигаре нест. Бо вуҷуд ду ҳуҷраи онҳо ба сифати ҷойи хоб, яке ба сифати анҷомхонаву макони ошпазӣ ва дигаре ҳамчун "ҳамом" истифода мешавад. Ба қавли Зокир Холов, дар солҳои аввале, ки ин ҷо мезисту фаъолият менамуд, таҳхона ҳатто сангреза ҳам надошт. Вале худи ӯ барои "ободтар" намудани макони зисташ сангрезаҳо ин ҷо рехтааст.

Зокир Холов бо истифода аз қубурҳои обгузар барои шабгузаронӣ васоили гармидиҳанда сохтаасту бо насби бухории барқӣ дар зимистон ин ҷоро гарм мекунад. Зимистонии қаҳратуну тӯлонии ин мулк ӯву ҳамроҳонашро маҷбур месозад, то барои аз сардӣ эмин мондан аз ҷандаву кӯрпа ва соири матоъ мустафид шаванд. 7-ум сол аст, ки ҳаёти ӯ дар ин таҳхона ба ҳамин минвол идома дорад. Ҳамроҳонаш бошанд, дар солҳои мухталиф ба ӯ ҳамроҳ шуда, дар "қаср"-и ӯ ба сар мебаранд. Олга Станиславовна, ҷонишини директори ИДЗБ ҷиҳати кори тоҷикон аслан, шикоят надорад, баръакс аз кори эшон бо ифтихор ҳарф мезанад, ҳатто ифтихор мекунад, ки кормандони ӯ мақбули сокинони маҳал шудаанд.

Зокир Холову ҳамроҳонаш, ки ҷумлагӣ зодагони ноҳияи Панҷ мебошанд, қаблан бар ивази аз 18 то 30 ҳазор рубл ба фаъолият машғул буданд, аммо моҳи сипаришуда ҳамагӣ 14 ҳазор рублӣ маош гирифтаанду халос. Иллати ин гуна коҳиш ёфтани маошро Зокир Холов дар иваз шудани ширкати корфармо арзёбӣ кард. Масъулини корхона бошанд, ҳадди маошро бо масоҳати ба зиммагирифтаи корманд рабт доданд.

2.toplinskiy-454545Бо вуҷуди ин ҳама муҳоҷирини тоҷики ҳамсуҳбати мо қаноатманданд, зеро бо истифода аз фурсатҳои бекорӣ метавонанд корҳои иловагӣ анҷом дода, маблағи дигаре ҳам ба даст оваранд, ки бо назардошти ин аъмол ҳудуди 25 ҳазор рубл моҳона хоҳанд гирифт. Аммо маконе, ки эшон ба сар мебаранд, воқеан, нигаронкунанда аст. Хоса дар фасли зимистон ташвиши онҳо дар иртибот ба гармӣ таъмин кардани таҳхона бештар мешавад, бинобар ин барои гарм нигоҳ доштан ва ҳифозати худ аз таъсири сармо оби гарму ташт (ванна)-ро низ истифода менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, Николай Михайлович Теплитский, сарвари Идораи давлатии зист ва баҳрабардорӣ (ГЖЭУ)-и рақами 4 мегӯяд, "дигар касе дар таҳхона зиндагӣ набояд кунад. Инсон бояд дар шароити муътадили коммуналӣ ба сар бубарад, на дар таҳхона. Касе, ки кор мекунад, маблағ мегирад, имкони иҷора гирифтани манзилро ҳам пайдо менамояд. Корхонаи мо давлатист, бинобар ин наметавонем коргаре дошта бошем, ки чун инсон зиндагӣ накунад, коргари мо ғулом нест, балки корманди ИДЗБ аст. Ин ҷо корманде нест, ки ғайрирасмӣ фаъолият намояд ва инчунин касе кор мекунад, маош мегирад".

Дар иртибот ба ин масъала бояд афзуд, ки афкори масъул дуруст ва боиси дастгириянд, вале зимнан суоли мантиқӣ он аст, ки чаро тоҷикон то ҳол дар таҳхона зиндагӣ карда истодаанд? Дар ҷавоб ба ин суол Николай Теплитский мегӯяд, ки "афроди мавриди назари Шумо қаблан кормандони ширкати "Биклин" буданд, ки он ба шароити зисти муҳоҷир-кормандонаш аҳамият зоҳир намекард. Кунун он ширкат ронда шуду вуҷуд надорад ва қариб як моҳ шудааст, ки сарпарстии тоҷикони муҳоҷири зикршударо мо ба уҳда гирифтаем".

Ба гуфтаи директори Идораи давлатии зист ва баҳрабардорӣ, аввалан, онҳоро бояд ҳуҷҷатгузорӣ намуд ва муҳлати ҳуҷҷати касоне, ки ба итмом расидааст, бояд аз марз гузаранд, то масъулини ширкат тавониста бошанд, ки кулли ҳуҷҷатҳои онҳоро, аз қабили иҷозатномаи иқомату иҷозаи кор мувофиқ ба талаботи қонунҳои Федератсиюни Русия намоянд.

"Мо онҳоро номнавис карда, ҳуҷҷоти эшонро барои ба даст овардани квота фиристодаем. Нахуст барои ба қайд гирифтани ин афрод барои мо квота медиҳанд ва дар асоси квота мо барои эшон муҷаввизи корӣ гирифта, бастаи ҳуҷҷатҳояшонро омода месозем, то аз ҳама ҳуқуқ бархӯрдор бошанд, ҳатто тавониста бошанд, ки нафақа бигиранд".

Дар зимн бояд афзуд, ки Николай Михайлович барои мо бастаи асноди муҳоҷирини кориеро аз ҷамоҳири Қирғизистон, Ӯзбакистону Тоҷикистон нишон дода, иброз дошт, ки касеро ғайриқонунӣ кор намефармоянд, балки аз ҳисоби корхона мадорики кулли муҳоҷирин - кормандонашонро дуруст менамоянд. Ба назари ӯ, корхонаи ӯ, ки давлатист, бояд тибқи муқаррароти қонунҳои ФР муҳоҷиринро ба кор қабул намояд.

3.toplinskiy-454545Бинобар ин бояд ҳар як муҳоҷири коргари ӯ дорои бастаи ҳуҷҷат бошад. Ин дар ҳолест, ки Бахтиёр Олимов, яке аз дигар муҳоҷирини тоҷик, ки ба сифати усто ба ҳайати коргарони ИДЗБ қабул шудааст, гуфт, аз супориши раҳбари корхона ҷиҳати пешниҳоди аснод барои гирифтани иҷозати кор ва соири мадорики лозим, аз ҷумла дафтарчаи меҳнатӣ мутталеъ шудааст. Ҳатто андозаи либосҳои онҳро низ гирифтаанд, то бо либоси махсус таъминашон кунанд, аммо…

Дар ҳоле ки гуфта мешавад, кормандони корхонаи давлатӣ, агарчи шаҳрванди Русия нестанд, вале бояд дар таҳхона зиндагӣ накунанд, Николай Михайлович мегӯяд, "чун онҳоро нав ба кор қабул кардаем, ҳамзамон супоришашон додем, то манзили иҷорае барои худ пайдо кунанд, ширкат иҷорапулиро ҷуброн хоҳад кард". Бахтиёр Олимов ин иқдоми маъмурияти корхонаро такзиб намекунад, балки мегӯяд, аз ин ташаббуси кордиҳанда огаҳ аст, ҳатто пайи чанд эълоне низ бобати ба иҷора додани манзил рафтаанд, вале соҳибхона ба далели ғайрирус будани эшон аз додани хонаҳояшон сарпечӣ намудаанд.

Дар чунин маврид Николай Теплитский бо тасдиқи мушоҳидаҳои Бахтиёр Олимов амали иҷорадиҳандаҳоро табиӣ мешуморад, на ғайричашмдошт. Ба гуфтаи ин масъули рус, иҷорадиҳандаҳо шак доранд, ки афроди ношинос метавонанд онҳоро фиреб диҳанд, бинобар ин онҳоро бовар намекунанд. Вале ҳамзамон меафзояд, ки "ҳамватанони Шумо дар ростои ин амр моро нодуруст фаҳмидаанд. Медонам, ки касе ба онҳо манзил намедиҳад. Бинобар ин манзури ман аз ёфтани манзили иҷора ин буд, ки онҳо танҳо суроғаро ёбанду бас.

Дар ҳолати ёфтани манзиле, ки ба иҷора дода мешавад, моро огаҳ намоянд. Олга Станиславовна вазифадор шудааст, ки зимни пайдо шудани иҷорадиҳанда худ бо онҳо шартнома банданд ва манзилро гирифта ба кормандон диҳад. Вақте кор ба чунин тарз анҷом мепазирад, дигар шакке вуҷуд дошта наметавонад, ки соҳибхона фиреб дода мешавад, зеро шаҳрванди Русия, масъули корхонаи давлатӣ бо иҷродиҳанда бобати ба мо супоридани хонааш мувофиқа мекунад. Бо чунин ранг гирифтани кор, албатта, ин мушкил ҳалли худро меёбад".

Замоне ки мо бо муҳоҷирини мазкуру корфармои эшон ҳамсуҳбат шудем, мушкилоти кунунии муҳоҷирин дар Русия зуҳур накарда буданд. Ҳатто Н. Теплитский гуфта буд, ки сабти суханони ӯро назди ҳамватанон гузорам, то онҳо гӯш карда, мӯътақид шаванд, ки масъулини ширкат ба ваъдаашон вафо мекунанд. Бошад, ки то дарҷи ин матлаб масъулин ваъдаи худро амалӣ карда бошанд, зеро бо оғози сентябр вазъи боду ҳавои Русия ҳам тағйир меёбад…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi