03:22:39 04-уми Июни 2025 сол

РУСИЯ КВОТАҲОИ МУҲОҶИРОНРО КОҲИШ МЕДИҲАД

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия эълон кардааст , ки соли оянда квотаҳои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ба кори расмӣ дар Русия ду баробар коҳиш дода хоҳад шуд. Нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, аз қавли мақомоти Русия навиштааст, ки соли оянда ин кишвар омодаи қабули 1,94 миллион коргари кироя аз давлатҳои беруна будааст.

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳамчунин гуфтааст, ки ният дорад тавассути патент мақоми муҳоҷирони кориеро, ки барои ашхоси ҷудогона кор мекунанд, расмӣ гардонад. Алексей Ломкин, раиси идораи муҳоҷирати берунаи ин хадамот, гуфт, ки соли 2009 квотаи қабули муҳоҷирон дар Русия барои 3,8 миллион нафар дар назар гирифта шуда буд ва аз ин миқдор танҳо 65 дар садаш истифода шудааст.

Коҳиши квотаҳои корӣ барои муҳоҷирон дар соли ояндаро оқои Ломкин бо поинравии баъзе риштаҳои иқтисоди Русия вобаста кардааст.

Дар айни замон, ин хадамот гуфтааст, ки азбаски шумори зиёди муҳоҷирон ҳамоно дар бахши хусусӣ кор мекунанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунии онҳо берун аз квота барояшон тавассути гирифтани патент имкони кор дар чаҳорчӯби қонун фароҳам оварда мешавад. Танҳо дар Маскав як миллион чунин муҳоҷири ғайрқонунӣ ба сар мебарад, ки сеяки онҳо дар бахши хусусӣ машғули коранд, гуфтааст ин хадамот.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854