14:55:43 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУЛОҚОТИ ХОТИРМОНИ ЯК ШОМИ ЗИМИСТОН

Имрӯзҳо дар шабакаи иҷтимоӣ дар бораи вазири меҳнат, шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширин Амонзода мақолаву гузоришоти зиёд навиштаву интишор меёбанд. Муаллифон бештар талош мекунанд дар бораи малакаву истеъдоди роҳбарии муҳтарам Ширин Амонзода ҳарф занад, зикри донишманду коркуштагии вазир, ахлоқи ҳамида, ҳалимиву хоксорӣ ва меҳрубону чун модарон мушфиқу ғамхор будани ӯ низ аз назари нигорандагон дур намондааст.

shirin vazir 2021

Ҳанӯз аз давраи донишҷӯиям он касро мешинохтам. Вале боре ҳам рӯ ба рӯ бо ҳам суҳбат накарда будем. Ба ин нигоҳ накарда, хушбахтона дар шабакаи иҷтимоии фейсбук бо ҳам риштаи дӯстӣ барқарор намудем. Дар рӯзҳои мушкили ҳаёт, вақте аввал падарам ва як сол баъдаш модарам аз дунё гузашт, ҳамеша дар ғаму андӯҳи мо шарик буданд.

Замоне аз расонаҳо дар бораи вазири шуғли аҳолӣ таъин шуданаш огоҳ шудам, тавассути паёмакрасон табрикаш намудам. Дар омади гап гуфтам ният дорам чанд китобе аз китобҳои падари раҳматиям Султони Ҳамадро баҳратон тақдим намоям, ба хусус китоби "Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир"-ро ки баьди маргашон аз чоп баромада буд. Муаллимаи азиз дарҳол аз мо хоҳиш карданд, ки китобҳоро ҳарчи тезтар ба дасташон расонам. Ман ки дар саргарми корҳои худ будам, ин хоҳишро фаромӯш кардам. Аз байн шояд чанд моҳ сипарӣ шуда бошад, аммо муаллимаи гиромӣ бо як лаҳни хоси инсонона бори дигар хоҳиш кард то китобҳои ваъда кардаамро баҳрашон дастраст намоям. Ростӣ агар ман ба ҷои ӯ мебудам, шояд меранҷидам ва дигар суроғи он китобҳоро ҳам намекардам. Хушбахтона, муаллима шахсе ҳастанд, ки бо хислатҳои неки инсонӣ дили садҳо нафарро тасхир кардаанд.

Билохира, як рӯз тасмим гирифтам ба ваъдаам вафо кунам, роҳ сӯи вазорат пеш гирифтам. Ростӣ ҳамсари ман як духтари одиякаки деҳотии хонашин аст. Ҳаждаҳ сол боз маро таҳамул панҷ фарзандро калон карда, зиндагӣ дорад. Шояд як чанд соли охир даст доду гоҳ - гоҳ ҳамроҳ бо кӯдакон ба паркҳо рафта бошем. Ҳамон рӯз хостам бо ҳам ба шаҳр равем, агар имкони дидани вазир мӯяссар нашавад, ҳатман шаҳро тамошо мекунем. Чун назди дари вазорат расидем, посбон моро иҷозаи вуруд ба вазоратро дод. Рӯз алакай бегоҳ шуда буд, вале вазир ҳоло ҳам ба кор саргардон буданд. Баробари дидан моро ба утоқаш даъват намуд.

Беш аз як соат, муҳтарам вазиру ману ҳамсарам сӯҳбати самимӣ доштем. Барои ҳамсари ман як рӯзи фаромӯшнашуданӣ буд. Чунки аввалин маротиба дар ҳаёт аз наздик бо як вазир мулоқот дошт, он ҳам мулоқоти дӯстона. Худи ман борҳо ҳангоми гаштугузор бо падари раҳматиям бо руасову вузаро, уламову олимон вохӯрда будам, вале ин мулоқот ҳосили таъсири барҷо гузошт.

Дар ҳақиқат ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, муаллимаи азиз қадамҳои устувор дар роҳ ба сӯи қуллаҳои умед бардошта истодаанд. Дуогӯ ҳастем, ҳарҷо ҳастанд ҳамеша, сарбаланд, хонаобод, муваффақ ва тансиҳат бошанд. Номбардори номи неки падари арҷмандашон!

Комёбиҳо ёратон бошад!

Субҳиддини СУЛТОН

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi