05:27:18 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РУСИЯГИҲО БЕШТАР ҶИНОЯТ СОДИР МЕКУНАНД

 

 "Ба аҳолии Русия мунтазам хабар медиҳанд, ки хориҷиҳо ҳар сол дар мамлакат то 50 ҳазор ҷиноят содир мекунанд, вале ин ҳамагӣ 3-4 фоизи ҷиноятҳои дар маҷмӯъ ошкоршударо ташкил медиҳад", - изҳор кард чанде пеш директори Хадамоти федеролии муҳоҷирати (ХФМ) Русия Константин Ромодановский дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия.

Ромодановский гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли 2009 ҳиссаи ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби шаҳрвандҳои хориҷӣ дар мамлакат 17% зиёд шудааст. "Лекин шаҳрвандони Русия дар кишварҳои Балтика ва ИДМ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30% бештар ҷиноят содир кардаанд", - иброз дошт директори Хадамоти федеролии муҳоҷират. Ромодановский қайд намуд, ки дар омори ҷиноятӣ на миллият, балки мансубияти шаҳрвандии ҷинояткорон нишон дода мешавад ва дар натиҷаи "ҳисоби оддии арифметикӣ хулосае ҳосил мешавад, ки сатҳи ҷинояткории русиягиҳо дар муқоиса бо муҳоҷирон хеле зиёд аст". 

Баробари ин вай дар посухи саволи сенаторҳо қайд кард, ки "аз нуқтаи назари фаъолияти корӣ мушкилоти бештар бо шаҳрвандҳои Украина ва Қазоқистон вуҷуд дорад". Ба қавли Ромодановский онҳо барои 30 шабонарӯз ба Русия меоянд, ғайриқонунӣ кор мекунанду мераванд ва баъди чанде бозпас мегарданд. Аз нуқтаи назари ҷинояткорӣ шаҳрвандони Гурҷистон дар сафи пешанд, хабар дод Ромодановский. 

"Ҳар гурҷии 15-ум расман ба Русия омада ҷиноят содир мекунад",- гуфт сардори ХФМ. Ҷойҳои минбаъдаро дар бобати сатҳи ҷинояткорӣ шаҳрвандҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон ишғол мекунанд. "Бо вуҷуди он ки нисбати шаҳрвандҳои Ӯзбекистон эътирозҳои зиёд баён мешаванд, ӯзбакистон дар ин рӯйхат дар сафи пеш нест, вай ҷойҳои 5-6-умро ишғол менамояд", - афзуд Ромодановский.

Сарвари ХФМ қайд кард, ки саҳми муҳоҷирони кориро дар маҷмӯъи маҳсулоти дохилии (ВВП) Русия ба назар гирифтан лозим аст, ки он қариб 8 фоизро ташкил медиҳад. Шиорҳо дар бораи он, ки муҳоҷирон ҷойҳои кории русиягиҳоро ишғол мекунанд ва муҳоҷирон ҷинояткоранд, боиси афзоиши рӯҳияи бадбинии қавмӣ (ксенофобия) дар Русия мешавад, қайд намуд сардори ХФМ.

"Тибқи омори Вазорати умури дохила, дар давоми чаҳор соли охир ҷиноятҳои характери экстремистидошта дар Русия зиёда аз се маротиба афзоиш ёфтааст. Дар чунин як шароит мутахассисони беҳтарини хориҷӣ ба Русия намеоянд",- гуфт вай.

Дар иртибот ба ҳамин, ба ақидаи Ромодановский, лозим аст, ки чораҳои зарурӣ барои адаптатсияи иҷтимоию фарҳангӣ ва интегратсияи муҳоҷирон, ҳамчунин баланд бурдани сатҳи таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи Русия андешида шаванд.

ЦентрАзия.ру
Тарҷумаи ҳафтаномаи «Дунё», 28.05.09 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi