15:55:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи сипаришуда ва аввали ҳафтаи ҷорӣ даст ба тағйироти кадрӣ дар ҳукумат зад. Оқил Оқилов аз вазифаи сарвазирӣ барканор ва ба ҷои ӯ Қоҳир Расулзода, раиси ҳукумати вилояти Суғд ба ин  мақом таъин гардид. Ҳамзамон бо амри худ  Абдураҳмон Қодириро, ки пештар муовини аввали раиси вилояти Хатлон буд, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд таъйин намуд.  

khabarho-2014-2015Бо фармонҳои дигари худ Эмомалӣ Раҳмон Руқия Қурбоноваро аз вазифаи муовини сарвазир барканор ва  Марҳабо Ҷабборова, Муродалӣ Алимардон ва Азим Иброҳимро муовинони сарвазири Тоҷикистон таъйин кард. Азим Иброҳим аз ин пештар сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон буд, Марҳабо Ҷабборова раҳбарии кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси Намояндагонро бар ӯҳда дошт.

Мағфират Хидирова раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Султон Раҳимов муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои обӣ ва Пӯлот Муҳиддинов муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъйин шуданд. Ҳафтаи гузашта ҳамчунин Сарвари давлати Тоҷикистон ба блоки фарҳангии кишвар тағйирот ворид кард. Мирзоҳшоҳрух Асрориро аз вазифаи вазири фарҳанги кишвар барканор кард ва ба ҷои ӯ Шамсиддин Орумбековро таъин намуд.

ххх

Ҷаласаи аввалини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати нав қарор аст 30-юми ноябри соли равон баргузор шавад. Дар ин бора аз хадамоти  матбуоти президент хабар доданд. Дар нахустин рӯзи муаррифии аъзои нави ҳукумат президент Эмомалӣ Раҳмон ба Оқил Оқилов, собиқ сарвазири Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, собиқ муовини якуми сарвазир ва Руқия Қурбонова, собиқ муовини сарвазир, барои фаъолиятҳояшон арзи сипос кардааст.

Дар хабари дафтари матбуотии Сардори давлат аз ҷумла омада, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарвазири ба тозагӣ таъиншудаи ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, муовини якуми нави сарвазир Давлаталӣ Саидов, муовини нави сарвазир Марҳабо Ҷабборова, муовини нави сарвазир Азим Иброҳим, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидироваро ба аҳли толор муаррифӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо бо азму иродаи қавӣ, завқи баланд ва заҳмати софдилонаю содиқона тамоми донишу малака ва неруву тавонмандии худро ба таъмини рушду тараққиёти бемайлони Тоҷикистони азиз равона месозанд.

ххх

Ҳукумати низомии Миср аз сафири Туркия дар ин кишвар талаб кардааст, ки Қоҳираро тарк кунад. Дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигорон намояндаи вазорати умури хориҷии Миср Бадр Абдул Ато иттилоъ дод.  Ҳукумати низомӣ Туркияро ба дахолат дар умури Миср муттаҳам мекунад ва манбаъ хабар додааст, ки Қоҳира низ сафири худро аз Туркия бозхонд кардааст. Вай гуфтааст, ки аз ин ба баъд иҷрокунандагони вазифаи сафирӣ корҳои дипломатии ду кишварро пеш хоҳанд бурд.

“Миср ба халқи турк эҳтиром қоил аст, вале ба изҳороти ахири Раҷаб Тайип Эрдуғон наметавонад хомӯшӣ ихтиёр кунад ва онро дахолати ошкоро дар умури Миср медонад”,-гуфт Абдул Ато. Маврид ба ёдоварист, ки равобити дипломатии Туркия ва Миср аз замони сарнагун шудани президенти қонунии он Муҳаммад Мурсӣ рӯ ба вахомат гароид. Сарвазири Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон амалкарди ҳукумати низомӣ дар иртибот ба ҷонибдорони Мурсиро шадидан маҳкум намуда буд.

ххх

Як назарсанҷӣ, ки ахиран аз ҷониби  ABC News ва  Washington Post роҳандозӣ шудааст, маъруфияти президенти ИМА Барак Обамаро дар пасттарин сатҳ аз замони сари қудрат омаданаш эълон кардааст.  Муаллифони гузориш, ки рӯзи шанбе интишор шуд, бар ин назаранд, ки дар аввалин интихобот Обамаро 68 дар сади амрикоиён ҷонибдорӣ карда буданд, вале  моҳи январи соли равон аллакай президент 13 дар сади боварии мардумро аз даст дод. Таҳлилгарон аз натиҷаи пурсиш ба ин хулоса расидаанд, ки  агар интихобот ҳоло баргузор шавад, Мит Ромнӣ соҳиби 49 дар сади овозҳо ва Барак Обама ба дарёфти 45 дар сад муваффақ хоҳанд шуд. Пештар аз ин хабар дода мешуд, ки дар Амрико ҳоло танҳо 37 дар сади сокинон сиёсати пешгирифтаи Обамаро пуштибонӣ мекунанд ва 57 дар сад мухолифи онанд. 

ххх

Духтарбузурги президенти Узбакистон Гулнора Каримова хабари тарки ватан карданашро, ки ахиран расонаҳо интишор дода буданд, рад кард. Ин хабар охири ҳафтаи гузашта расонаӣ шуд, вале аввали ҳафтаи ҷорӣ Гулнора хабар дод, ки аслан ин гуна тасмим нагирифтааст. То ҳол манбаъҳои хабарӣ дурустии ин иддиоро наметавонанд тасдиқ ё рад кунанд. Зеро Гулнора Каримова барои расонаҳои хабарӣ дастнорас боқӣ мемонад.  Аз  ин пештар хабар дода мешуд, ки Гулнора Каримова “Форуми фарҳанг ва санъати Узбакистон”-ро, ки муассис ва сарвараш буд ва як ниҳоди шабеҳи давлат дар дохили давлат маҳсуб мешуд, пароканда эълон кард.

Он чӣ аён аст, вақтҳои охир фишорҳо алайҳи духтари калонии Ислом Каримов дар дохил ва хориҷи кишвар афзудаанд. Мақомот монеъи сафарҳои хориҷии ӯ мешаванд, ҷонибдоронашро бо ҷурмҳои гуногун боздошт ва зиндонӣ мекунанд ва ҳатто барои наҷоти иддае шахсан худаш талош мекунад ва ба шӯъбаи пулис меравад. Бино ба таҳлили коршиносон ин ҳама бо дастури шахсии падараш сурат мегирад. Ахиран ҳатто Гулнора дар Твиттер навишта буд, ки модараш ба марги ӯ таҳдид кардааст.

ххх

Президенти Афғонистон созишномаи амниятӣ бо Амрикоро, ки ахиран Лоя Ҷирга пазируфт, имзо накард. Вай гуфт замоне даст ба имзо мегузорад, ки ҷониби Амрико ба ҳамлаҳои ғофилгиронаи тайёраҳои бесарнишинаш ба манотиқи маскунии сокинони Афғонистон хотима бахшад ва кафолати комили роҳандозӣ нашудани ин гуна ҳамалаҳоро дар даст дошта бошад. Лоя Ҷирга рӯзи якшанбе созиши амниятӣ бо Амрикоро мавриди қабул донист. Тибқи ин санад Амрико метавонад баъди соли 2014 низ дар Афғонистон ҳузур дошта бошад ва пешбинӣ мешавад, ки баъди хуруҷ ҳам то 15 ҳазор сарбозонаш боқӣ мемонанд.

ххх

Эрон ва гурӯҳи давлатҳои 5+1 бори аввал ба тавофуқ расиданд ва созишномаи таърихиро имзо карданд. Тибқи ин созишнома Эрон розӣ шудааст, ки сентрофугҳои навро барои ғанисозии уран ҷойгир накунад, нозирони байналмилалиро ба объектҳои ҳастаии худ иҷозат диҳад, бунёди реактори ҳастаии оби вазнинро, ки қодир ба коркарди плутоний барои силоҳи атомӣ мебошад, мутаваққиф созад. Ба ивази ин ҳама Ҷумҳурии Исломӣ ба қисман коҳиш додани таҳримҳои иқтисодӣ ба маблағи 7 миллиард доллар даст меёбад. Тибқи навиштаи ВАО, "ин ҷо сухан, аслан, дар бораи активҳои аз гардиш боздошташудаи Эрон дар бонкҳои хориҷӣ меравад, ки бояд мавриди истифода қарор гиранд. Вале агар зарфи ним соли оянда муоҳада аз ҷониби Эрон иҷро нашавад, таҳримҳо барқарор карда мешаванд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi