09:31:41 10-уми Июни 2025 сол

Эълони панҷ китоби ғолиб дар озмуни соли 2013

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни китоби беҳтарини сол, ки ахиран ҷамъбаст гардид, 5 китобро баранда эълон кардааст.

detskaya-kniga-455454Инҳо "Қомус" ё "Донишномаи бачагон", ки аз ҷониби саридораи Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон интишор ёфтааст, ду китоби Баҳманёр бо номҳои "Шоҳаншоҳ" ва "Сармаддеҳ", "Санги маҳак ва тарозуи ҳунар"-адиби шинохта Абдулҳамид Самад ва "Адабиёт ва фарҳанги миллӣ"-и донишманди тоҷик Рустами Ваҳҳоб мебошанд.

Адибон Гулназар Келдӣ (барои тарҷумаи даҳ китоб барои бачаҳо аз рӯи қиссаҳои "Бӯстон"-и Саъдии Шерозӣ бо забони русӣ), Фарҳод Каримов (барои таҳияи қиссаҳо аз "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолиддини Балхӣ), Азизи Азиз, Маҷид Салим, Давлат Сафар ва Гурез Сафар барои нашри китоби ашъорашон шоистаи ҷоизаи дуюм шуданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854