12:24:34 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Дар тазоҳуроти рӯзи якшанбеи Киев бештар аз 70 корманди пулис аз сангу чӯбпораи дасти эътисобгарон захмӣ шуд. Дар ин гирдиҳамоӣ бештар аз 100 ҳазор нафар ширкат кардан два хостори баргузории ҳамапурсӣ оид ба истеъфои ҳукумат, президент Янукович, таъсиси "Радаи халқӣ"-и алтернативӣ ва қабули Конститутсияи нав шуданд. Мардум ба сӯи кормандони хадамот сангандозӣ карданд, бо ҳарфҳои қабеҳ дашному ҳақорат доданд, дар навбати худ пулис ба сӯи тазоҳуркунандагон норинҷакҳои ашковар партов кард. Пулис аз боздошти чор нафар аз сафи тазоҳуркунандагон иттилоъ дод. Ҳамзамон бо ин хабар дода мешавад, ки тазоҳуркунандагон 5 автобус ва ду мошини боркашро ба оташ кашиданд.

ххх

khabarho-4122014-2015Заминларза бо неруи 3-4 бал шаби якшанбе, соати 20-у 48 дақиқа водии Раштро такон дод. Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Академияи фанҳои Тоҷикистон маркази он 135 км-и шимолу шарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон буд. Чор рӯзи пеш дар 20 км дуртар аз марзи Афғонистон дар ҷануби Тоҷикистон низ заминларза ба қайд гирифта шуда буд. Масъулони Маркази зилзиласанҷии Академияи фанҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки қувваи заминларза дар ноҳияи Панҷ, ки ба маркази он наздик будааст, 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

ххх

"Вечерний Бишкек", як нашрияи чопи пойтахти Қирғизистон номаи Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакиро интишор додааст, ки мардум ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ба хештандорӣ дар ҳалли мушкилоти марзӣ даъват кардааст. Дар нома аз ҷумла омадааст: "Мо, тоҷикони дар замини пурфайзи Қирғизистон зиндагӣ дошта, ҳамеша бо некбинӣ ба оянда нигоҳ кардаву нигоҳ мекунем. Иттиҳодияи мо аъзои Ассамблеяи мардуми Қирғизистон аст ва ҳамеша аз ҷониби он пуштибониро эҳсос мекунад. Ҳукумати Қирғизистон барои ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанг ва анъанаҳои гузаштаҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Бародарони қирғизи мо ҳам дар замини Рӯдакии бузург дар ҳоли амн ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, мо тоҷикони Қирғизистон низои дар марзи муштараки ду кишвар ба вуқӯъомадаро бо дард қабул кардем. Мо медонем, ки бархе мушкилотро аз Шӯравӣ мерос гирифтаем ва баҳси замин ба осонӣ ҳал намешавад. Аммо умед дорем, танҳо бо роҳи музокирот ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн мешавад аз вазъият берун шуд".

ххх

Узви боздоштшудаи ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев, ки ахиран аз боздоштгоҳ ба бемористони зиндон интиқол ёфта буд, аз олам даргузашт. Сабаби марги ӯ таҳқиқ нашудааст ва ё хулосаи тиббии он расонаӣ нагаштааст. Вале вакили мудоифаи ӯ Файзиниссо Воҳидова мегӯяд эҳтимол меравад сабаби даргузашти ӯ ҳамон шиканҷаи кормандони умури дохила бошад. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки Тоҷиев шадидан латукӯб шудааст ва сахт ниёз ба табобат дорад. Аммо мақомот ҳамвора мавҷудияти нишонаҳои шиканҷа дар бадани ӯро такзиб мекарданд ва мегуфтанд, ки эҳтиёҷе ба интиқолаш ба бемористон нест. Баъдан ба иллати вахимтар шудани вазъи саломатии боздоштшуда, билохира ба бемористони маҳбаси Хуҷанд бурдаву таҳти назорати милиса ба табобаташ оғоз карда буданд.

ххх

Чор корманди СММ дар пайи як инфиҷор дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул ба ҳалокат расиданд. Мақомоти давлатии Афғонистон ин хабарро тайид карданд ва гуфтанд, ки аз 17 тани кушташуда 13 нафар шаҳрвандони хоричӣ буданд. Маргталабе дар даромадгоҳи тарабхонаи лубнонии "La Taverna du Liban" худро инфиҷор дод ва сабабгори ҳалокати ҳудудан 20 нафар ва захмӣ шудани теъдоди бештари одамон шуд. Дабири куллии СММ Пан Ги Мун ҳамлаи маргталабро шадидан маҳкум намуд ва инро як амали террористии тарҳрезишуда унвон кард.

ххх

Руи якшанбе ҳазорҳо нафар сокинони Истамбул ба майдони Тақсим омаданд ва аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳгорони марги журналисти турку-арман Грант Динкро, ки 7 сол пеш аз захми тир ба ҳалокат расида буд, ба ҷавобгарӣ кашанд. Динки 52-сола, ки аз журналистони маъруфи ин кишвар ва мутааллиқ ба ақаллияти миллии арманӣ буд, дар рӯзи равшан аз ҷониби навраси миллигарое дар назди дафтари кории нашрияи "Агос" парронда шуда буд. Хешовандон ва пайвандони Динк бар ин назаранд, ки тафтиши парванда басо рӯякӣ гузашта буд ва онҳо сохторҳои давлатии Туркия, бахусус хадамоти ҷосусии ин кишварро ба марги ӯ айбдор мекунанд. Грант Динк ҳамвора дар бораи демократикунонии ҷомеаи Туркия, озодии сухан, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, бахусус арманиҳо мақолаҳо менавишт.

ххх

Барои омодагӣ ба Олимпиадаи зимистона Русия 214 миллиард рубл сарф кардааст. Дар ин бора президенти ин кишвар Владимир Путин дар суҳбат бо шабакаҳои телевизионии BBC, ABC News, CCTV, "Россия-1", "Шабакаи як" ва хабаргузории "Around the Rings" дар шаҳри Сочӣ хабар дод. Ба гуфтаи сарвари давлати Русия аз 214 миллиард рубл наздик ба 100 миллиарди он аз буҷаи давлат масраф шудааст ва боқӣ пули ширкатҳои ҷудогона аст. "Мо дар Сочӣ бештар аз 40 меҳмонхона бунёд кардем ва бештар барои ин пули ширкатҳо сарф шуд, яъне, ширкатҳои маблағгузор дар бунёди иншоотҳои варзишиву истироҳатӣ".



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi