13:35:49 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Идрорпулии ду академик ба донишҷӯён

Фарзандони олими шинохта, марҳум академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба гиромидошти ёду хотираи падари арҷманди худ даст ба иқдоми бесобиқа задаанд. Онҳо тасмим гирифтаанд аз ҳисоби маоши худ ҳамасола барои чанд тан аз донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Айнӣ идрорпулӣ таъсис диҳанд.

shakury 54784512Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори донишгоҳи ёдшуда дар суҳбат бо "Рӯзгор" бо тайиди ин хабар афзуд, ки дар сурати пайдо нашудани донишҷӯи фаъол аз факултаи филологияи ин донишгоҳ, довталабони дигар факултаҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд онро соҳиб шаванд. Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамчунин гуфт, ки идрорпулии дигарро фарзандони академик Мансур Нуъмонов барои донишҷӯёни факултаи математика ташкил кардаанд. Ин тасмим бо қарори Шӯрои олимони математика ва худи академик Нуъмонов гирифта шудааст ва донишҷӯёни фаъол соҳиби он хоҳанд буд. 

Ин аввалин бор аст, ки фарзандони шахсиятҳои бузург барои ёду хотири абадзиндаи падаронаш ҷиддан ва амалан талош мекунанд. Замоне дар донишгоҳи ёдшуда стипендияҳо ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Бобоҷон Ғафуров буданд. Аммо бо гузашти як муддат аз онҳо фаромӯш шуданд ва имрӯз кам касон ҳатто аз будашон ёд меоранд. Маъмулан ин гуна ибтикорот ҷашнвораӣ мешаванд. Ба ифтихори ин ё он сана таъсис мегарданд ва баъд ба гӯшаи фаромӯшӣ меуфтанд.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз шинохтатарин чеҳраҳои фарҳангии муосир буд, ки ду сол пеш моро тарк кард. Устод зодаи Бухорои шариф буд, Бухорое, ки Мунзиму Айнӣ аввалин мисраъҳои акнун ба ҳамаи мо шиноси худро гуфтанд. Бухорое, ки бӯи Оли Сомон мекард. Ва устод Шакурӣ охирин намояндаи он фарҳанги боғановати Бухоро буд, ки акнун рафт. Охирин фарзанди Шарифҷон Махдум Садри Зиё, охирин қозии Бухорои амирӣ, ки аз ҷабри коммунистон дар кунҷи зиндон бо хориву зорӣ ҳаётро падруд гуфта буд.

Устод охирин парчамбардори маърифати Садри Зиё. Ба қавли шоири ширинсухан Гулрухсор:

Бухоро қудрати зодан надорад,

Шакурӣ охири Садри Зиё буд.

Аз ӯ китобҳое боқӣ мондаанд, ки барои аксари мардум ошноянд. Аз ҷумла, "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Хуросон аст ин ҷо", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" ва ғайра, ки онҳо дар Душанбеву Эрон нашр шудаанд ва бидуни шак, хонандагони сершумори худро доштанд. Устод Шакуриро муаллифи пешнависи Қонуни забони тоҷикӣ медонанд, ки охири солҳои 80 асри гузашта рӯи кор омада буд.

Вай якҷо бо дигар пешвоёни илму маърифат ва адибон талоши фаровон дод, то забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб кунад. Ба гуфтаи шоири саршиноси тоҷик устод Мӯъмиин Қаноат, "устод Шакурӣ ягона олиме буд, ки ҳам дар Академияи улум, ҳам дар Иттиҳоди нависандагон ва ҳам анҷумани "Пайванд" барои эҳёи забони форсии тоҷикӣ талош мекард". Адиби соҳибқалами тоҷик китоби "Хуросон аст ин ҷо"-ро посухе медонад ба онҳое, ки ваҳдати ҷомеаи форсизабонро нодида мегирифтанд. Шоири халқии Тоҷикистон устод Мӯъмин Қаноат ахлоқи олии Муҳаммадҷон Шакуриро ирсияти Бухорои шариф аз аҳди Сомон то ахлоқи Садри Зиёву устод Айниву ҷадидон медонад, ки "як нафар дар маҷмӯъ ҳамаи ин ахлоқро дошт".

Ду тан аз фарзандонаш - Рустам ва Шариф Шукуровҳо доктори илмҳои таърих ва филология буда, дар айни замон дар шаҳрҳои Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд.

Ӯ барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст. Муҳаммадҷон Шакурӣ ба унвони як донишманд ва муҳаққиқи саршинос маъруфияти зиёде дар Эрону Афғонистон дорад. Соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб гардида буд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi