03:07:36 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Руҳонӣ хостори ваҳдати муҳаммадӣ дар мубориза барои эҳёи асолати динӣ шуд

Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон мегӯяд мо аз роҳҳои мухталиф ва мазоҳиби мухталиф ба дунболи як ҳақиқат ҳастем. Райиси Ҷумҳури Эрон, ки рӯзи шанбе дар дар 27-умин конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон суханронӣ мекард, фармуд:

iranian-president-hassan--0"Ёдамон бошад, ки мабдаъ яке аст ва мақсад низ яке хоҳад буд, мо аз роҳҳои мухталиф ва мазоҳиби мухталиф ба дунболи як ҳақиқат ҳастем ва он ҳақиқат тавҳид ва тавҳиди ҳақиқат аст. Мо ба дунболи як мақсадем. Дар дунёи имрӯз ниёзмандем сираи маккиро бештар дунбол кунем, яъне бояд фард-фарди инсонро бисозем ва омода кунем; зеро то так-таки инсонҳо омода нашаванд, Мадинатуннабӣ сохта нахоҳад шуд. Агар ба дунболи Мадинатуннабӣ дар ҷомеъаи исломии матлуби паёмбарем, бояд аввал Маккаро тарроҳӣ ва баъд бо як ҳиҷрат, Ясрибро ба Мадинатуннабӣ табдил кунем."

Бино ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳасани Руҳонӣ бо табрики солрӯзи вилодати Паёмбари гиромии ислом (с) гуфт: "Сираи Паёмбари гиромии ислом дар сулҳ ва дӯстӣ, сармашқ ва улгуи тамоми мо мусалмонон аст, ҳамон тавр ки мо сураҳои қуръониро дар як тақсимбандии куллӣ ба маккӣ ва маданӣ тақсим мекунем, сираи паёмбар (с)-ро низ ба маккӣ ва маданӣ тақсим кунем, Макка зодгоҳ ва Мадина пойгоҳи ислом аст, дар Макка Паёмбари гиромии ислом ба тарбияти инсонҳо дар як тирози ҷадид пардохт, ҳадаф сохт ва тарбияти инсонҳо буд."

Маврид ба ёдоварист, ки 27-умин конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Теҳрон доир гардид ва дар он сиёсатмадор ва руҳонии шинохтаи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳиддин Кабирӣ, Раиси ҲНИТ иштирок карданд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi