18:00:57 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сафорати ИМА кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро омӯзиш медиҳанд

Муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Райан Эванс бисту се (23) корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Роҳандозии парвандаҳои махсусан муҳим», табрик намуд.

embassy usa 4544532Ҳадафи курси таълимии номбаршуда аз беҳтар намудани иқтидори кормандон дар омода сохтан, идоракунӣ ва назорати тафтишоти амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои мураккаби ҷиноятӣ, минҷумла тафтишоти муштарак, ки як қатор ҷузъҳоро аз шуъбаҳои гуногун дар бар мегирад, иборат аст.

Зимни суханрониаш ҷаноби Эванс қайд намуд, ки курси таълимии номбаршуда яке аз силсилаи курсҳои омӯзишии Барномаи ёрии зидди террористии барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои соли 2014 ба нақша гирифта буда, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии Сафорати ИМА гузаронида мешавад. Курсҳои мазкур аз ҷониби Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешаванд.

Зимнан, ҷаноби Эванс ба иштирокчиёни курс барои кӯшишу талошҳо дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизмом изҳори миннатдорӣ намуда, инчунин қайд кард, ки Барномаи ёрии зидди террористӣ дар фаъолиятҳои худ усули “омӯзиши омӯзгор”-ро истифода мебарад. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки иштирокчиёни курс дар навбати худ, дониши азхудкардаро бо ҳамкасбонашон мубодила мекунанд.

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст. Он механизми калидии Ҳукумати ИМА баҳри таъмини барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва технология барои давлатҳои ҳамшарики ИМА, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

Дар ин бора ба мо аз дафтари матбуотии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi