22:57:49 05-уми Июни 2025 сол

АРАБИСТОН БА ПИЗИШКОНИ ТОҶИК НИЁЗ ДОРАД

Намояндаи Палатаи тиҷорат ва саноати Арабистони Саудӣ Саъд Наҳҳор ал-Баддоҳ мегӯяд, кишвараш ба пизишкони тоҷик ниёз дорад.

 

Саъд Наҳҳор ал-Баддоҳ, раиси комиссиюни кордиҳандагони шӯрои палатаи тиҷорат ва саноати Арабистони Саудӣ, дар ин бора зимни мулоқот бо намояндагони хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълон кардааст. Дар ин мулоқот, ки субҳи имрӯз, 3-юми ноябр, дар пойтахти кишвар шурӯъ шуд, намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон иброз кардаанд, ки барои фиристодани пизишкони ҳирфаии тоҷик ба Арабистони Саудӣ мусоидат хоҳанд кард.

 

Намояндаи Палатаи тиҷорат ва саноати Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки барои табибони тоҷик дар кишвараш тамоми шароити кор ва зиндагӣ фароҳам карда хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз вуруд ба Арабистони Саудӣ хоҳишмандон курсҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва инглисиро фаро хоҳанд гирифт, ки ин курсҳо дар Тоҷикистон ташкил хоҳанд шуд.

 

Интизор меравад, ки дар соли 2010 ҳудуди як ҳазор пизишки тоҷик барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристода шавад.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854