04:58:55 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон

90 ҶИЛД АСАРИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ ДАР ИХТИЁРИ МУШТАРИЁНИ ИНТЕРНЕТ

tolstoy-6555455452Шакли электронии осори пурраи Лев Николаевич Толстой иборат аз 90 ҷилд ҳоло дастраси истифодабарандагони интернет қарор гирифтааст. Ташаббускори ин лоиҳа Фекла Толстая ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки "Мо сари ин лоиҳа ду соли дароз кор кардем. Ин замоне буд, ки зарфи 12 ва ё 14 рӯзи аввал дар сар то сари олам ҳазорҳо тан 90 ҷилд асари нависандаи оламшумулро хонданд. Ва баъдан мо аз онҳо хоҳиш кардем, ки то имкон доранд нусхаҳоро бо ҳам қиёс кунанд. Онҳо ин корро низ анҷом доданд. Танҳо баъди он мо донистем, ки ин барои инсонҳо зарур аст. Ихтиёриён  хеле зиёд буданд. Танҳо Антон Малсев, муҳандиси таҷҳизоти газ тани танҳо бештар аз якуним ҳазор саҳифаро тафтиш кард". Ин аввалин бор аст, ки асарҳои адиби ҷаҳонӣ ва яке аз шахсиятҳои нотакрори таърихи башар дар интернет гузошта шудаву ҳазорҳо нафар аз он ҳамарӯза истифода мекунанд.

САҲИФАҲОИ НОМАЪЛУМИ ҲАЁТИ ШУКШИН

shukshin 569889232Саҳифаҳои номаълуми ҳаёти адиби шинохтаи рус Василий Шукшин кашф шудааст. Кормандони бахши филологии донишгоҳи Олтой 24 ҳуҷҷатеро, ки аз ин пеш чоп нашуда буд, пайдо кардаанд. Инҳо номаҳо, мусоҳибаҳо дар нашрияҳои минтақавӣ, қайдҳои адабӣ, сенарияи филм бо номи "Танҳо" мебошанд. Маълум шудааст, ки баъзе фактҳои ҳаёти Шукшин тахайюлианд. Пештар чунин гуфта мешуд, ки гӯё Шукшин тасодуфӣ вориди ВГИК шудааст ва ҳатто гӯё намедонистааст, ки ин гуна донишгоҳе вуҷуд дорад.

Вале дар асл чунин набудааст, балки нависанда омодагии дохил шудан ба ин донишгоҳро доштааст ва ҳатто ба маъмурияти он нома ҳам ирсол карда будааст. Муҳаррири чопи ин асарҳои адиб Дмитрий Марин гуфтааст, ки ашъори чопношудаи Шукшин ҳоло зиёданд. Зеро осори аз ӯ боқимонда ҳоло дар дасти ҳамсараш аст, ки мутаассифона касеро намегузорад бо онҳо ошно шавад.

ҶОРҶ КЛУНИ: ИМА МОНА ЛИЗАРО БА ИТАЛИЯ БАРГАРДОНАД!

mona-lisa-02454545Ҳунарманд ва коргардони шинохтаи амрикоӣ Ҷорҷ Клунӣ хостори он шуд, ки ИМА асари машҳури Леонардо да Винчи "Мона Лиза"-ро ба Италия баргардонад. Вай мегӯяд ҳамзамон бо муаррифии филми "Шикорчиёни ҷавоҳирот", ки қарор аст дар Милан баргузор шавад, ин шоҳасар ба соҳибони аслии он баргардонида шавад. Аз ин пештар ҳунарманд гуфта буд, ки ҷонибдори ба Юнон баргардонидани пайкараи Парфенон аз осорхонаи Британия мебошад.

 

"Мона Лиза" миёни солҳои 1503 ва 1506 дар Флоренсия, ки Леонардо он замон зиндагонӣ мекард, офарида шудааст. Тахмин меравад, ки ин асар тахминан соли 1519 аз ҷониби шоҳи Фаронса Франсиси I харидорӣ шудааст. Он муддати тӯлонӣ, то замоне, ки Людовики XIV ба Версал овард, пинҳон буд. Баъди инқилоби Фаронса онро дар Лувр ҷобаҷо карданд. Соли 1913 корманди итолёвитабори осорхонаи Лувр Винченсо Перудҷа онро дуздид. Филми Ҷорҷ Клуни "Шикорчиёни ҷавоҳирот" дар бораи гуруҳи санъатшиносоне нақл мекунад, ки охири Ҷанги дуюми ҷаҳон ба хотири ҷустуҷӯи асарҳои санъати фашистон рабуда ба ҳам омада буданд.

БОЗДОШТИ СЭМ УОРТИНГТОН

sam worthington 0000Ҳунарманди Австралия Сэм Уортингтон, иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми "Аватар" дар шаҳри Ню-Йорк баъди як пархош бо аккос боздошт шуд. Ин ҳодиса ахиран дар бари Cubbyhole рух додааст. Бино ба гуфтаи шоҳидон Уортингтони 37-сола суратгирро чунон зад, ки пеши пойи дӯсташ уфтод. Пулис дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуд ва ҳардуро боздошт кард. Гуфта мешавад, ки ба муқобили ситораи синамо парванда барои ҷанҷол ва муштзанӣ боз шудааст, вале муваққатан бо гарав озод кардаанд. Қарор аст 26-уми феврал мурофиаи судии Уортингтон баргузор шавад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi