22:21:53 05-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БО ҶУРМИ ҲАМДАСТӢ БО ҲИУ

Як зани сокини ноҳияи Исфара бо ҷурми ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудааст.

 

Идораи корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, тафтишоти аввалия муайян кардааст, ки Ҳанифахон Аҳмадова ном зани 50-солаи муқими Исфара як норинҷакро пинҳон карда будааст ва он норинҷак ба ду нафари муттаҳам ба узвият дар ҲИУ тааллуқ доштааст. Ин ду нафар аз соли 2006 дар пайгард будаанд. Манбаъи хабар мегӯяд, нисбат ба зани боздоштшуда аз рӯи моддаҳои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, иштирок дар созмони ҷиноятӣ ва ҳамдастӣ дар содир кардани ҷиноят парванда боз шудааст.

 

Мақомот мегӯянд, дар ин авохир ин дуввумин занест, ки дар вилояти Суғд бо ҷурми ҳамдастӣ бо ҲИУ боздошт мешавад. Ахиран, Обидахон Қудратова ном сокини дигари Исфара бо айни иттиҳом боздошт шуда будааст.

 

Ин зани 40-сола дар манзили истиқоматияш муттаҳамон ба узвият дар ҲИУ-ро пинҳон карда будааст. Ҳамчунин, аз манзили ӯ адабиёти мазмуни экстремистӣ дошта пайдо карда будаанд. Тафсилоти хабар дар наздиктарин фурсат нашр хоҳад шуд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854