ОҒОЗИ САФАРИ ҲАҶҶИ ЗОЙИРОНИ ТОҶИК
Баъд аз зуҳри рӯзи шанбеи 7 ноябр гурӯҳи нахустини зойирони тоҷик озими Арабистони Саъудӣ шуданд. Қарор аст, дар соли ҷорӣ беш аз панҷ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз муқаддасоти ислом дар Маккаву Мадина зиёрат кунанд.
Интизор меравад, то 20-уми ноябр куллияи зойирини тоҷик тариқи ҳавопаймо аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба Ҷидда мунтақил шаванд. Интиқоли зойирон тоҷик дар соли ҷорӣ аз сӯйи ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” сурат мегирад. Вале, ин ду ширкат барои интиқоли зойирин ҳавопаймои “Lockheed-1011”-и ширкати “Эмир Авиэйшен” аз Аморати Муттаҳидаи Арабиро ба иҷора гирифтаанд, ки зарфияти ҳамли 360 мусофирро дорад.
Дар нахустин парвоз аз Душанбе ба Ҷидда умдатан зойирон аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сафар хоҳанд кард. Ба гуфтаи Изатулло Азизов, як масъули бахши ҳаҷҷ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар шароити сафар ба муқаддасоти ислом дар соли ҷорӣ тағйироте ворид шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, тибқи дархости Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ, аз ин ба баъд танҳо афроди синни болои 18 сол ва то зери 80 сол метавонанд озими Маккаву Мадина шаванд.
Ба сурати истисно, нафарони аз 80 сол боло бояд ҳамроҳи пайвандони худ сафар кунанд ва наздикони чунин бузургсолон “бояд забонхат диҳанд, ки дар сурати беморӣ ва ё фавт, куллияи тадорукот бар дӯши онҳо хоҳад буд.”
“Вижагии” дигарии сафари ҳаҷи имсол боло рафтани ҳазинаи он аст. Дар ҳоле, ки соле қабл баҳои сафари ҳаҷҷ 2990 дулор буд, имсол ин қиммат то 3342 дулор афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи оқои Азизов, ин амр ба боло рафтани баҳои иҷораи ҳутел дар Арабистони Саъудӣ ва ироаи сервиси бештар рабт дорад. Аз ҷумла, қарор аст, имсол куллияи зойирони тоҷик ба ҳангоми сафар ҳамарӯза се маротиба бо ғазо таъмин шаванд.
Ба афзоиши баҳои сафари ҳаҷҷ ҳамчунин арзиши бисту панҷдулории эмкунӣ алайҳи бемориҳои мусрӣ, аз ҷумла, онфлуанзо низ изофа шудааст. Дар ҳоле, ки ҳудуди панҷ ҳазор тоҷикистониён омодагии сафар ба Арабистони Саъудиро доранд, афроди зиёде, ки низ имсол қасди сафари ҳаҷҷро доштанд, натавонистанд ба феҳрасти зойирон шомил шаванд.
Ба гуфтаи масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, теъдоди чунин афрод бештар аз нафароне аст, ки имсол сафари ҳаҷҷ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд сафар ба ҳаҷҷ аз Тоҷикистон аз рӯи “навбат” сурат мегирад.
Яъне, ҳар шахсе, ки қасди сафари ҳаҷҷро дорад, бояд худро номнавис кунад ва расидани “навбати” худро интизор шавад. Зеро, Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ, ҳамасола барои Тоҷикистон танҳо ҳудуди панҷ ҳазор саҳмия ихтисос медиҳад.
Вале ба навиштаи хабаргузориҳо, дар моҳи гузашта муъовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, дар вилояти Хатлон, зимни ситонидани 1,5 дулор ришва аз як сокини ин ноҳия барои шомил кардани исми вай ба феҳрасти зойирони имсол боздошт шудааст.
Нашрияҳои Тоҷикистон аз “вижагии” дигари ҳаҷҷи имсол низ гузориш медиҳанд. Гуфта мешавад, дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон мақомоти маҳаллӣ ба феҳрасти зойирони имсол танҳо нафаронеро шомил месозанд, ки қабл аз сафар ба Арабистони Саъудӣ як ҳазор дона “фурӯзонакҳои каммасраф” харидорӣ ва ба мардуми камбизоъат тавзеъ мекунанд.
Вале масъулини Вазорати фарҳанг чунин иддаъоро такзиб мекунанд. Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, нахустин гурӯҳи зойирони тоҷик ҳафтуми декабр аз Арабистони Саъудӣ ба ватан бозгарданд.
Би-Би-Си