ШАБНАМИ СУРАЙЁ ДАР «МАНҲЕТТЕН СЕНТР»-И НЮ ЙОРК
Бино ба иттилои телевизиони «Ориёно»-и Афғонистон рӯзи якшанбеи 15-уми ноябри соли 2009 дар маъруфтарин толори консертии Ню Йорки ИМА «Манҳеттен Сентр» озмуни байналмилалии овозхонҳои машҳури Шарқ барои дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи Шарқи Миёна дар соли 2009» баргузор мегардад.
Барои ширкат дар ин озмун, ки бори аввал барпо мешавад, овозхонҳои маҳбуби ҷавонони Шарқи имрӯз Ораш, Анди, Алабина,Ҷовид Шариф, Насиба Абдуллоева, Шабнами Сурайё ва дигарон даъват шудаанд. Шабнами Сурайё аввалин овозхони тоҷик хоҳад буд, ки дар чунин як озмуни сатҳаш баланди байналмилалӣ дар зеботарин толори консертии Ню Йорк ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»