23:26:28 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нилуфари тоҷик боз дар маркази таваҷҷуҳи озмуни дигари синамо дар Русия

Филми "Она"-коргардони рус Лариса Садилова, ки моҳи августи соли  гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии "Окно в Европу" беҳтарин филми ҳунарӣ дониста шуда буд, имсол ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии "Сталкер" дар шаҳри Курски Русияро оғоз кард.

farzona 23652112Филм аз рӯзгори муҳоҷирин ҳикоят мекунад, аммо коргадони он мегӯяд танҳо ҳаёти онҳо нест. Дар суҳбате  бо хабарнигори шабакаи маҳаллии 46ТВ Лариса Садилова гуфтааст, ки филм "дар бораи мо низ ҳаст.  Дар бораи он ки мо чӣ  зиндагие дорем ва чӣ гуна мехоҳем зиндагонӣ кунем. Муҳоҷират дар сар то сари олам вуҷуд дорад. Бино ба оморҳо ҳар чорумин сокини Сайёра муҳоҷир аст. Ва ин дунёест, ки мо зиндагонӣ мекунем…"

"Она" аз ҷумлаи пурбинандатарин филмҳо дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ будааст ва нақши асосиро дар он ҳамватани мо Нилуфар Файзиева иҷро мекунад. Моҳи майи соли равон Нилуфар дар  як ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Чебоксарии Русия ҷоизаи "Беҳтарин ҳунарпешаи зан"-ро соҳиб шуда буд.   

ӯзгор" дар бораи филм навишта буд ва бори дигар ёдовар мешавем, ки он сарнавишти Майя ном ҷавонзани тоҷик аст, ки дар ҷустуҷӯи шавҳараш ба Русия меравад, вале ҷавон аз ӯ рӯ мегардонад ва духтаре, ки дар кишвари бегона забон намедонад, дар кӯча саргардон мемонад. Ва коргардон ҳамин сарнавиштро ба риштаи тасвир кашидаву аз он як образи барҷастаи зани покиродаро сохта тавонистааст. 

Замоне, ки таҳиягарони филм барои интихоби ҳунармандон ба Душанбе омада буданд, Нилуфар Файзиева дар мактаби рақами 1 пойтахт таҳсил мекард ва ҳамзамон дар театри "Падида" машқи рақс мекард. Лариса Садилова Махсум Абдувалиеви донишҷӯро барои иҷрои нақши Ҳамид пазируфт ва дар нақши Майя духтари дӯстдоштаи ӯ Нилуфарро интихоб намуд. Бо ҳамин тақдир пайроҳаи зиндагии ин ду ҷавонро дигар кард ва онҳоро ба ҷодаи санъат раҳнамунашон сохт.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi