20:33:05 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Китобе дар бораи Талбаки Садриддин - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ

Нашриёти "Адиб" китоберо бо унвони "Вориси Вахш" бо теъдоди 500 нусха ба табъ расонид. Китоби мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ- сарвари собиқи хоҷагии овозадори ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус ҳоҷӣ Талбаки Садриддин бахшида шудааст.

talbak-sadriddin 45877Китоб аз се фасл иборат буда, онро яке аз фарзандони ҳоҷӣ Талбаки Садриддин -Муҳаммади Садридинзода ба шарафи 92-солагии ин марди шариф ба нашр омода намудааст. Мураттиб дар фасли аввал бисту ду зерфаслро бо хотира ва ёддоштҳои фарзандон, аҳли зиё ва донишмандони соҳаҳои гуногун ҷо додааст. Бояд гуфт, ки онҳо ба соҳибҷашн ва фаъолияти кории ӯ аз наздик шиносоӣ доштанд. Дар миёни онҳо донишманде чун-Иброн Шарифов, Худоӣ Шариф, Баҳриддин Камолиддин, Сайфуллоҳи Саид, Қурбон Восеъ, Алии Хуросонӣ, Маҳмадёри Шариф, Лариса Додихудоева ва Саидаҳмади Қурбон хотираҳои худро баён намудаанд.

Фасли дуввум "Аз матбуот" ном дошта дар он ҷаҳордаҳ мақола ҷой дода шудааст, ки қисми аз онро мақолаҳои худи соҳибҷашн, ки дар солҳои гуногун таълиф намудааст, ташкил медиҳад.

Дар фасли сеюм, ки "Бузургонро бузургон зинда медоранд" ном дорад, ёддоштҳои ҳоҷӣ Талбаки Садриддин дар бораи шоирон ва устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Муҳаммад Осимӣ ва сарояндаи мумтоз  Ҷурабек Муродов оварда мешавад. Китоб бо аксҳои ранга ва сиёҳу сафеди зиёде, ки аз фаъолият ва рӯзгори соҳибҷашн нақл мекунанд, оро дода шудааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi