20:35:45 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Фардо Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон меояд

Аз 17 то 18 июни соли 2014 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор мегардад.

size-1000-11111111

Дар барномаи ин сафар мулоқоти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири ҶИП Муҳаммад Навоз Шариф, вохурии ҳайатҳои васеи ду кишвар ва имзои як қатор санадҳои дуҷониба дар назар дошта шудааст.

Дар ин бора дар нишасти хабарие, ки бо ибтикори раёсати иттилооти ВКХ ҶТ барои хабарнигорони расонаҳои хабарӣ  имрӯз, 16 июн барпо шуд, иттилоъ доданд. Сардори Раёсат Абдулфайз Атоев аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳамкориҳои сиёсӣ миёни ду кишвар бар мабнои принсипҳои якдигарфаҳмӣ, баробарӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллии тарафайн ба роҳ монда шудаанд.

Айни замон пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро қариб 40 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд, ташкил менамоянд.

size-1000-22222222

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сол аз сол рушду тавсеъа ёфта, сатҳи сифатан навро касб кардаанд.

Табодули моли байни ду кишвар дар соли 2013 ба 84, 1 миллион доллари амрикоӣ расид, ки аз он содирот 19, 9 миллион доллари ИМА ва воридот 64,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар доираи ин сафар Сарвазири ҶИП Муҳаммад Навоз Шариф бо Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард.

Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi