03:39:52 26-уми Июни 2025 сол

Маҳфили шеъри Фарзона дар Душанбе

Ба муносибати рӯзи Ваҳдат ва 80-солагии Иттифоқи нависандагон маҳфили шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

farzona-shoira-5445121245Дар маҳфил аксари суханварони тоҷик, аз Муъмин Қаноату Гулрухсор то қаламкашони наврас, аз олимони муътабар то донишҷӯёни макотиби оливу миёнаи махсус ширкат доштанд. Дар оғози нишаст Фарзона гуфт агар устодон сухан кунанд, албатта, нисбат ба ӯ сифатҳо хоҳанд кард, ки тавони бардошти онро нахоҳад дошт. Ин буд, ки бештар ӯ шеър хонду аз боби шоириву ирфон сухан гуфт ва гоҳи дигар дар миёни ин нишаст Озарахш таронасароӣ кард.

Дар поёни маҳфили Душанбе Меҳмон Бахтӣ аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагон ба Фарзона Нишони тилоии Суханро  тақдим кард.

Барномаи маҳфили шеъри Фарзона танҳо шаҳри Душанберо дар бар намегирифт. Ин як силсилбарномае буд, ки ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ Фарзона бо ҳаводорони шеър ва мухлисони ашъораш дар Ҳисори шодмон, дар Вахшонзамину Кӯлоб дидор кард ва бо ташкили маҳфили назм гуворотарин лаҳзаҳоро дар ёди ширкаткунандагонаш гузошт. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ