07:29:35 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чопи китоби Баҳманёр дар Қазоқистон

Интишороти "Китобхонаи Олжас"-и шаҳри Олматии Қазоқистон маҷмуъаи ҳикояҳои нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёрро бо забони русӣ таҳти унвони "Жили-были в Сармаддехе" бо сарсухани пурмуҳтавои нависандаи шинохта Темур Зулфиқоров аз чоп баровард. Тавре мураттибонаш гуфтаанд, дар ин китоб ҳикояҳои дар солҳои гуногун навиштаи адиб гирдоварӣ шудаанд ва барои касоне, ки то ин дам ӯро намешинохтанд, беҳтарин туҳфа хоҳад буд.

Баҳманёр аз ҷумлаи маъруфтарин адибони тоҷик буда, бо сабки хоса вориди майдони адабиёт шудааст. Сармаддеҳ маконест, ки адиби шуҳратёр дар тасаввури худ сохтаву хаёлан бо одамони он зиндагонӣ дорад. Силсилаҳикояҳои Сармаддеҳ як романи равону дорои сужаи ягонаро мемонанд, ки аз ҳаёти мардуми як мавзеъи ба тасвир афсонавӣ нақл мекунанд.

То ин дам асарҳояш дар шакли китоб бо номҳои  зерин дар шаҳри Душанбе ба табъ расидаанд: "Ишқи сайёд" (1984), "Асби обӣ" (соли 1988), "Дуди ҳасрат" (соли 1992), "Сармаддеҳ" (соли 2002); "Шоҳаншоҳ" (соли 2007) ва китоби дуюми "Сармаддеҳ", ки имсол аз чоп баромад. Ҳикояҳои "Жили-были в Сармаддехе" аз ҷониби Хуршеда Даврондухт аз тоҷикӣ тарҷума шуда, муҳаррири масъул ва тартибдиҳандаи он доктори улуми филологӣ Сафар Абдулло мебошад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi