02:57:07 04-уми Июни 2025 сол

НАВРӮЗ ДАР ДАНҒАРА ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

Соли оянда ҳукумати Тоҷикистон Наврӯзро дар ноҳияи Данғара ва як соли баъдаш Рӯзи ваҳдати миллиро дар шаҳри Душанбе таҷлил хоҳад кард. Президенти Тоҷикистон зери амрҳое дар мавриди баргузории ҷашни Наврӯзи Аҷам-2010 дар ноҳияи Данғара ва таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе имзо гузоштааст.

 

Мақомоти вилояти Хатлон ҳамроҳ бо мақомоти ноҳияи Данғара барои дар сатҳи баланд доир кардани Наврӯз супориш гирифтаанд. Айни супориш ба тамоми идораву ниҳодҳои давлатӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон амр шудааст.

 

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин амр додааст, то Рӯзи Дониш дар соли 2010 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рӯзи якуми сентябр гузаронида шавад.

 

«Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854