21:03:23 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Таблиғоти ДОИШ барои ҷазби ҷавонони тоҷикистонӣ

Теъдоде аз ҷангҷуёни тоҷикистонӣ, ки дар таркиби гурӯҳи террористии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ дар ҳоли даргирӣ бо артиши ин ду кишвар мебошанд, бо интишори навори видеоии ҷадиди таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хостори пайвастани ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳи такфирӣ шудаанд.

diish-6212154545.jpgБа гузориши сойти centrasia.ru, дар ин навори таблиғотӣ фарде  ба исми Абӯ Умриён, ки гуфта мешавад сокини ноҳияи Нуробод дар шарқи Тоҷикистон мебошад ва қаблан низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда буд, мегуяд: Мо аз Абубакри Бағдодӣ дархост кардем, ки иҷоза бидиҳад, ки  ба Тоҷикистон биравем ва дар таркиби гурӯҳи "Ансоруллоҳ" дар ин кишвар даст ба ҷиҳод алайҳ ба истилоҳ кофарон бизанем.

Аммо ба мо гуфтанд, ки ҳануз замони муносиб барои ин кор фаро нарасида аст ва бояд сабр кард. Дар ин навори таблиғотӣ аз ҷавонони тоҷик хоста шуда, ки аз тариқи Туркия худро ба Сурия ва Ироқ бирасонанд ва ба гурӯҳи ДОИШ бипайванданд.

Ба гуфтаи коршиносони масоили сиёсӣ, шаҳрвандони тоҷики узви ДОИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр фаъол ҳастанд ва наворҳои зиёде аз таҳаррукоти ин гурӯҳи террористиро мунташир мекунанд, ки баёнгарии умқи ҷиноёти ин созмони такфирӣ мебошад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар Сурия, Ироқ ва дар таркиби гурӯҳи ДОИШро 300 нафар унвон мекунанд. Аммо тоҷикони узви ДОИШ муддаӣҳастанд, ки наздик ба 1000 нафар аз ҷавонони ин кишвар дар ин гурӯҳ узвият доранд.

http://tajik.irib.ir/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi