Нахустконсерти Шаҳроми Абӯбакр
Дирӯз, 17.01.2015, дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номаи Акашариф Ҷӯраев нахустконсерти Шаҳроми Абӯбакр, овозхони ҷавон, вале маъруфи кишвар баргузор гардид.
Шаҳром аз хонадони миёни фарҳангиёни мамлакат шинохтаи Азизовҳо мебошад, ки замоне гуруҳи ҳунарии «Анис»-ро таъсис дода буданд. «Анис» дар ҳаёти фарҳангии солҳои ҳаштодуму навадуми асри гузаштаи мелодии кишварамон нақши мусбатеро бозӣ кардааст.
Аъзои ин гуруҳ шодравон Зулфиқор, Достон, Қайсиддин, Вайсиддин (амакҳои Шаҳром), Абӯбакр (падари Шаҳром, яке аз ташкилкунандагони ин консерт) Азизовҳо, аз ҷумлаи овозхонҳои маҳбуб ба шумор мерафтанду мераванд. Шаҳром, Остон, Шамсиддин, Беҳрӯз ва Муслиҳиддин аз намояндагони насли нави ин хонадонанд, ки бо созу таронаҳои дилангезашон маҳбуби алоқамандони мусиқии кишвар ва берун аз он гаштаанд.
Дар нахустконсерти Шаҳром дӯстони ӯ, овозхонҳо Остони Азиз, Шамсиддини Азиз, «Баха-84» (Бахтиёр), Фаридуни Хуршед, Беҳрӯзи Мирзо ва ансамбли рақсии Филармонияи давлатӣ «Ҷаҳоноро» ҳунарнамоӣ карданд.
Ин ҷо чанд аксеро метавонед аз ин консерт тамошо кунед.
«Рӯзгор»