21:29:45 18-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Вакилони порлумон: Марги Сӯҳроб Шарифов талафоти бузург аст

 

Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар бахши амрози қалби беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Лутфулло Саидмуродов, вакили Маҷлиси намояндагон дар робита ба марги вакили порлумон Сӯҳроб Шарифов гуфт, ки марги ин донишманд як талафоти бузург барои ҷомеъаи Тоҷикистон аст.

suhrob-sharipov-54544566.jpg“Вай инсони бузург буд. Бовар кунед, аслан наметавонам ҳарф занам, худамро аз даст додаам... Ин талафоти бузург аст барои мо, тоҷикҳо,” - гуфт Лутфулло Саидмуродов, ки хеле бо эҳсос сӯҳбат мекард. Вай гуфт, вакилони порлумон тоза аз марги ин ҳамкораш хабардор шуда, дар ҳоли шок қарор доранд: “Мо ҳоло шитоб дорем ки ба маросими дафни Сӯҳроб бирасем ва шадидан андӯҳгинем.”

Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки шаби гузашта ба бемористони Қаряи Боло интиқол ёфта буд, субҳи рӯзи 19-уми январ дар синни 52-солагӣ даргузашт. Ин дар ҳоле буд, ки табибони бахши бемориҳои дил дар бемористони Қарияи Боло талош мекарданд, ӯро наҷот диҳанд ва мегуфтанд, ҳолати ӯ назар ба шаби гузашта беҳтар шудааст. Вале кӯшишҳои зиёди онҳо натиҷа надодаанд.

Даҳҳо нафар аз хешовандону наздикон ва ҳамкорони Сӯҳроб Шарифов дар назди беморхона ҷамъ омада буданд, ки дар миёни онҳо Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон низ дида мешуд. Номзади илми фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ, Сӯҳроб Шарифов аз соли 2011 инҷониб вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот аст. Дар интихоботи ояндаи порлумонӣ Шарифов аз ҳавзаи интихоботии шумораи 3-и Шоҳмансур номзад гашта буд.

Яке аз беҳтарин таҳлилгарони умури сиёсӣ, муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ ва даҳҳо мақолаи илмӣ роҷеъ ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, Сӯҳроб Шарифов қаблан дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аспиранти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ кор кардааст.

Муаллифи ду китоб оид ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, аъзои Шӯрои коршиносони Созмони Ҳамкории Шанхай, ОДКБ, Шӯроҳои илмии Академияи САҲА (Бишкек) ва Шӯро оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадии илмҳои сиёсӣ, дорандаи медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi