Кушта шудани як генерали эронӣ дар ҳамлаи Исроил ба Сурия
Бар асари ҳамлаи чархболҳои исроилӣ дар баландиҳои Ҷулони Сурия, як генералӣ эронӣ кушта шудааст.
Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи душанбе эълом кард, яке аз фармондеҳони ин нерӯ дар пайи ҳамлаи "як чархболи исроилӣ" дар минтақаи Қанийтараи Сурия кушта шудааст. Пеш аз ин Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон эълом карда буд, ки як фармондеҳ ва панҷ узви ин гурӯҳ дар ҳамлаи чархболҳои исроилӣ дар баландиҳои Ҷулон кушта шуданд.
Ба гузориши хабаргузориҳои ИСНА ва Форс, равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони дар иттилоияе гуфтааст, ки "фармондеҳ Муҳаммад Алӣ Аллоҳдодӣҳамроҳ бо шуморе аз аъзои Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон бар асари ҳамлаи Исроил кушта шудааст". Ин дар ҳолест, ки ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, Исроил ҳанӯз ин ҳамларо таъйид ва ё радд накардааст.
Равобити умумии Сипоҳи посдорони аз Муҳаммадали Аллоҳдодӣ ба унвони як "мушовир" ном бурдааст, ки барои кӯмак ба давлат ва мардуми Сурия дар ҷанг бо террористони такфирӣ-салафӣ ба ин кишвар сафар карда буд. Мақомоти Эрон гурӯҳҳое монади Ал-Қоида ва "Давлати исломӣ"-ро гурӯҳҳои такфирӣ-салафӣ меноманд.
Дар иттилоияи равобити умумии Сипоҳи посдорони Эрон ишора шудааст, ки Муҳаммадалӣ Аллоҳдодӣ фармондеҳи ин нерӯ дар вилояти Язд будааст. Ба гуфтаи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, Ҷиҳод Муғния, фарзанди Имод Муғния, яке аз фармондеҳони пешини ин гурӯҳ, низ дар ин ҳамла кушта шудааст.
«Озодӣ»