23:47:19 09-уми Июни 2025 сол

Захмӣ шудани як сарбози тоҷик аз тири "Калашников"

Як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон бо автомати “Калашников” чанд тир ба худ холӣ карда, ҳоло дар Қарияи Болои Душанбе бистарист. Наздиконаш мегӯянд, то худи ӯҳарфе нагӯяд, ҷузъиёти қазия барояшон номаълум боқӣ хоҳад монд.

askar-65122145.jpgНаҷмиддин Қаюмов , ки шаш моҳи пеш ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста ва дар қисми ҳарбии 17651-и Вазорати дифоъ хидмат мекард, бо истифода аз автомати “Калашников” қасд ба ҷони худ намудааст. Наздикони Қаюмов рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, то замоне худи ӯ ба гап надарояд, ин қазия барояшон бештар аз муаммо хоҳад буд. Ба қавли онҳо, вазъи Наҷмиддин Қаюмов вазнин асту табибон талош доранд, то барои зинда мондани ӯҳар кори мумкинро бикунанд.

Як манбаъ аз Вазорати дифои Тоҷикистон бидуни бурдани номаш қасди худкушӣ кардани Наҷмиддин Қаюмовро тасдиқ кард. Мусоҳиби мо аз Вазорати дифоъ гуфт, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта рух додааст: “Ибтидо ӯро ба беморхонаи низомии Вазорати дифоъ дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душнабе бурданд. Сипас, рӯзи шанбе ба беморхонаи Қарияи Боло оварда шуд.”

Наҷмиддин Қаюмов сокини кӯчаи Озодии шаҳри Хуҷанд буда, шаш моҳ пеш ба хизмати аскарӣба қисми низомии 17651, воқеъ дар паҳлӯи бинои Вазорати дифоъ, оварда шудааст. Як пизишки Қарияи Боло, ки ҳоло аз Наҷмиддин муроқибат мекунад, дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, “тири автомати Калашников ба ноҳияи сараш осеб расонда, ӯ бо нафаси сунъӣ хобидааст.”

Вай афзуд, тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад, то сарбоз сиҳат шавад: “Ҳоло Наҷмиддин Қаюмов чашмонашро мекушояд, аммо ҳанӯз гап зада наметавонад.”

Вале сабаби аслии кӯшиши худкушии сарбози Вазорати дифоъ ҳам барои масъулон ва ҳам барои хонаводааш ҳанӯз номаълум аст. Наздиконаш мегӯянд, то замоне Наҷмиддин ба ҳарф задан надарояд, барояшон номаълум хоҳад монд, ки чаро ӯқасд ба ҷони ҷавонаш кардааст. Тавре ҳамхизматони Наҷмиддин ба наздиконаш гуфтаанд, вай пинҳонӣ автомати “Калашников”-ро гирифта, мили онро зери манаҳаш гузоштаву ба худ тир холӣ кардааст.

Намояндаи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар даромадгоҳи “корпус”-и 5-и Қарияи Боло меистод гуфт, ҳамаи харҷи табобати Наҷмиддин Қаюмов, шуруъ аз таъмини доруҳо то ҷарроҳиҳо, ба дӯши Вазорати дифоъ аст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854