03:10:53 04-уми Июни 2025 сол

КАШФИ АНБОРИ АСЛИҲА ДАР ФАРХОР

Дар ноҳияи Фархор, ҷануби Тоҷикистон анбори аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ошкор шудааст. Ин анбори аслиҳаро сокинони маҳаллӣ пайдо карда, ба мақомоти интизомӣ хабар додаанд. Ботирхон Рустамов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, соҳиби ин анбор барои мақомот то ҳанӯз маълум нест. Ҳоли ҳозир, аслиҳаҳои аз ин анбор пайдо шуда, барои тафтишу санҷиш ба Душанбе интиқол дода шудааст.

 

Кашфи анбори аслиҳа дар ин ноҳия дар ҳолест, ки таи даҳ моҳи ахир кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб аз дасти сокинони дигар навоҳии минтақа беш аз 156 навъҳои гуногуни яроқу аслиҳа мусодира намудаанд.

 

Ноҳияи Фархор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир шудааст. Чанд моҳ қабл барои аввалин бор дар минтақаи Кӯлоб аз ҳудуди ин ноҳия як узви Ҳаракати исломии Узбакистон ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон боздошт шуда буд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854