14:17:48 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Даргузашти Аҳмад Алескеров - сармураббии собиқи "Помир"

Сармураббии собиқи тими футболи “Помир”-и Душанбе дар синни 80 дар шаҳри Одессаи Украина аз олам чашм пӯшид.

ahmad-aleskerov_5454.jpgАҳмад Латифович Алескеров, мураббии маъруфи озарӣ ва сармураббии собиқи тими футболи "Помир"-и Душанбе дар синни 80 дар шаҳри Одессаи Украина аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ бо ин мураббии маъруфи футбол рӯзи 21 май дар Одесса баргузор мешавад.

Аҳмад Алескеров соли 1935 ба дунё омада, аз кӯдакӣ ба футбол шавқи зиёд дошт. Ӯ тайи солҳои 1955-1965 ба ҳайси нимҳимоятгар дар сафи тими "Нефтяник" ("Нефтчӣ") бозӣ карда, соли 1963 сазовори унвони устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Аммо авҷи шӯҳрати Аҳмад Алескеров ба солҳое рост меояд, ки ӯ бо тарки майдон мураббии футбол шуд.

Ӯ дар тӯли қариб 40 соли кораш ба ҳайси сармураббӣ тимҳои маъруфи Шӯравӣ, аз ҷумла "Нефтчӣ"-и Боку, "Черноморетс"-и Одессаро раҳбарӣ карда, ин ду тим - “Нефтчӣ”-ро дар солҳои 1966 (дар соли аввали кораш ба ҳайси мураббӣ) ва “Черноморетс”-ро дар соли 1973 соҳиби нишонҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Иттиҳоди Шӯравӣ карда буд.

Соли 1972 вақте Алескеровро дар пайи муноқишааш бо раҳбарони вақти Озарбойҷон аз мақоми сармураббии “Нефтчӣ” барканор карданд, ӯ ба тими “Помир”-и Душанбе, ки тоза соли 1970 ташкил шуда, танҳо соли сеюм дар мусобиқоти лигаи аввали қаҳрамонии футболи СССР ҳунарнамоӣ мекард, даъват шуд. Таҳти раҳбарии Алескеров “Помир” дар чемпионати онсола сазовори ҷои чорум ва худи ӯ унвони Мураббии шоистаи Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Вай бисёр мехост, бо ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби бозигарони пурқувваттар “Помир”-ро алакай соле баъд ба лигаи олӣ барорад, вале азбаски ҳунарнамоӣ дар лигаи олӣ нисбат ба лигаи якум харҷи хеле бештар дошт, ин ибтикори Алескеров аз сӯи ҳокимони вақти ҷумҳурӣ пазируфта нашуд.

Аҳмад Алескер ба ин далел баъди ҳамагӣ як соли кор тарки Душанбе кард ва сармурабии тими “Черноморетс”-и Одесса шуд ва билофосила дар ҳамон соли аввали кораш бо ин тим, яъне дар соли 1973 бо “Черноморетс” нишонҳои биринҷии лигаи олии футболи Шӯравиро ба даст овард.

Ӯ солҳои баъд тимҳои “Нистру”-и Кишинёв, “Араз”-и Нахҷувон ва баъди суқути Шӯравӣ – тими миллии Озарбойҷон (солҳои 1992-1993), “Шериф” аз Молдова ва солҳои 2005-2006, қабл аз бознишаста шуданаш, вақте аллакай 70 сол дошт, тими “Боку”-ро машқ додааст.

Аҳмад Алескеров мураббии шоистаи 4 кишвар – Украина, Озарбойҷон, Молдова ва Тоҷикистон мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi