15:27:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёқуб Салимов гуфтааст, боқии умрашро ба фарзандон мебахшад

Ёқуб Салимов, ки рӯзи 20 май ба синни 59 расид, дар дидори худ бо писараш Абӯбакр Салимов гуфтааст, баъди озодӣ аз зиндон қасди дигаре ба ҷуз мондан дар канори фарзандонро надорад.

yoqub-salimov-65984521.jpgПайвандони Ёқуб Салимов, ки дар зиндони рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, дар ҷашни 59-солагии зодрӯзаш бо ирсоли нома аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ӯро пеш аз адои мӯҳлати ҷазояш афв бикунад. То поёни озодии Ёқуб Салимов аз маҳбас тақрибан як соли дигар мондааст, аммо писари ӯ Абӯбакр мегӯяд, падараш ба табобати ҷиддӣ ниёз дорад ва то як соли дигар эҳтимол дардҳояш шадидтар шаванд.

Тасмими фиристодани ин нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон баъд аз дидори Абӯбакр бо падараш дар бист рӯзи пеш гирифта шудааст. Ба қавли ӯ, Ёқуб Салимов гуфтааст, ки боқии умрашро дар канори фарзандону набераҳо мегузаронад. Абӯбакр Салимов рӯзи 20 май ба мо гуфт, ҳоло падараш барои ба серӣ дидани фарзандону набераҳо рӯз мешуморад.

Оилаи Ёқуб Салимов дар се моҳ як бор барои дидани ӯ ба зиндон даъват мешаванд. "То баромадани падарам аз зиндон камтар аз як соли дигар мондааст. Падарам мегӯяд, ки  баъд аз раҳоӣ аз зиндон мехоҳад, фақат дар ватан ва дар канори хонавода бимонад ва рӯзҳои боқимондаи умрашро ба оилаамон бахшад,"-афзуд Абӯбакр.

Писари Ёқуб Салимов мегӯяд, ҳангоми боздошт ва зиндонӣ шудани падараш 18 сол дошт ва дувоздаҳ зиндагиро бе ширкати падар пеш бурдааст. Абӯбакр ба соҳибкорӣ машғул аст ва мегӯяд, ҳарчанд падараш ба ҷурми хиёнат ба зиндон кашида шудааст, вале ин ба кору зиндагии аҳли хонавода таъсир надоштаст.

Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ ва намояндаи Тоҷикистон дар Туркия соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва баъди истирдодаш ба Душанбе ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Дар пайи татбиқи қонуни афв дар соли 2012, ду сол аз мӯҳлати адои ҷазои ӯ кам шуда, интизор меравад, соли оянда аз зиндон озод шавад.

Вале пайвандони Ёқуб Салимов мегӯянд, ӯ мубталои бемории қалб буда, як чашмаш тақрибан намебинад ва фармондеҳи даврони ҷанг аз маризии "ревматизм" низ азият мекашад. "Озодии ҳарчӣ зудтараш барои барқарор кардани сиҳатияш кӯмак хоҳад кард,"-мегӯяд Абубакр Салимов.

Ёқуб Салимов яке аз фармондеҳони бонуфузи Фронти Халқӣ буд, ки  баробари ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлоси 16-уми парлумони Тоҷикистон дар соли 1992, ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд. Соли 1997 Ёқуб Салимов президент Раҳмонро аз як ҳамла дар Хуҷанд наҷот дод ва муддатҳо дар доираи афроди бонуфузи Тоҷикистони баъд аз низоъ буд.

Ӯ соли аз 1992 то 1997 ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон кор карда, баъдан намояндаи кишвар дар Туркия буд. Ёқуб Салимов соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда, моҳи апрели соли 2004 бо иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб аз сӯи додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум гардид. Вай аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш низ маҳрум шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi