22:44:52 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Хуршед Муҳаммадзода фармондеҳи нави ОМОН шуд

Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло фармондеҳи нави ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин вазифа полковник Гулмурод Ҳалимовро иваз кардааст.

khurshed-muhammadzoda-omonСарҳанг ё полковник Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло (Хуршед Маҳмадшоев) фармондеҳи нави ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Гулмурод Ҳалимовро иваз кард, ки ба иддаои худаш ҳоло ба сафи ҷангиёни "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Хуршед Маҳмадшоев моҳи декабри соли гузашта фармондеҳи нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ таъин шуда буд. Вай моҳи марти соли 1972 ба дунё омада, маълумоташ олии ҳарбӣ ва олии ҳуқуқист.

Аз соли 1990 боз дар сохторҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор карда ва бо медали "Ҷасорат" ва ордени "Спитамен" сарфароз шудааст.

Дар гузашта ба ҳайси сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати дифоъ, муовини командир оид ба қисми техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502-и қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори хадамоти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, командири қисми ҳарбии 5453 қӯшунҳои дохилии ВКД низ кор кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi