22:02:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳалокати муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар садама

Муовини пешини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-майор Маҳмадсаид Ҷӯрақулов, дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

mahmadsaid-juraqulov-545412.jpgГенерал-майор МаҳмадсаидҶӯрақулов, м уовини пешини вазири умури дохилии Тоҷикистон ва сардори собиқи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта рӯзи шанбе дар садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Хабари ҳалокати МаҳмадсаидҶӯрақуловро дар сонеҳа аҳли хонаводаи ӯ дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки генерал-майор Маҳмадсаид Ҷӯрақулов дар километри 30-юми роҳи Хуҷанд-Душанбе ба садама дучор шуда, ҷон бохтааст. Ба гуфтаи манбаъ, МаҳмадсаидҶӯрақулов савори мошини навъи ҷипи "Тойота-Прадо" ҳангоми аз Хуҷанд ба пойтахт омадан ба мошини боркаш бархӯрдааст. Эҳтимол меравад, ин садама ҳангоме рух додааст, ки суръати ҷип баланд будааст.

Генерал МаҳмадсаидҶӯрақулов афсари собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ буда, солҳои 2004-2005 дар вазифаи муовини вазир кор кардааст. Вай баъдан дар охирҳои соли 2005 сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ҳамин вазорат буд ва ба дунболи ин масъулият, то замони бознишастагӣ дар вазифаи намояндаи "Интерпол"-и Тоҷикистон кор кардааст. Генерал-майор Маҳмадсаид Ҷӯрақулов дар соли 1952 таваллуд шудааст.

Ҳамкорон, хабарнигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз генерал Маҳмадсаид Ҷӯрақулов ҳамчун як инсони некӯхислат, хушмуомила ва афсари ҳирфаӣ ва покдаст ном мебаранд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi