17:44:59 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҷаласаи 73-уми Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ

18 ва 19 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 73 - уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

qushunhoi-sarhadi_12455656.jpgМувофиқи маълумоти сухангӯи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии давлатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев, дар ҷаласа роҳбарони мақомоти сарҳадии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар ҷаласа масоили ҳамкорӣ, танзими вазъияти бӯҳрономез дар  сарҳадот, мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, нашъаҷалобӣ ва қочоқгарӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, перомуни вазъияти сарҳадоти хориҷӣ, проблемаҳои мубрами ҳамкории мақомоти сарҳадии  давлатҳои узви ИДМ табодули афкор баргузор мешавад.

Ғайр аз ин, натоиҷи тадбирҳои солҳои 2014 - 2015 анҷомёфтаи муштарак, таҳияи дурнамои кор барои соли 2016 ва бархе масоили дигар ҷамъбаст мегардад.

Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ нақшаҳои Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ташкилотҳои асосии давлатҳои узви ИДМ дар бахши таълиму тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои ҳайати роҳбарикунандаро низ муҳокима менамоянд.

Ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи роҳбарони мақомоти сарҳадӣ ва доир намудани конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Танзими саъю кӯшишҳо ва ҳамкории мақомоти сарҳадӣ дар мубориза бо фаъолияти ғайриқонунӣ дар сарҳадоти хориҷии давлатҳои узви ИДМ» дар назар аст.

Аз рӯи натоиҷи ҷаласа бархе ҳуҷҷатҳо дар бораи такмили минбаъдаи ҳамкории мақомоти сарҳадӣ дар амри табодули иттилоот перомуни қонуншиканиҳо дар сарҳади давлатӣ, гурӯҳҳои ҷинояткори дорои хусусияти трансмиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунии аҳолӣ, қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва ғайра ба имзо расонида мешаванд.

19 июн боздид аз хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ва дастаи сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва «Шӯрообод» - и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар назар аст.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi