16:43:32 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Таҳкими равобит миёни Тоҷикистон ва СААШ ба хотири суббот дар минтақа

«Муносибот миёни Тоҷикистон ва СААШ ба хотири дастгирии субот ва амният дар ин кишвар ва минтақа идома ва таҳким хоҳад ёфт», - изҳор дошт ба хабарнигорон 23 июн пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Парлумони Партугалия, раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) Виталин Кенеш.

Вай афзуд, ки дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо бори дигар таъкид доштем, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди СААШ боқӣ мемонад. «Тоҷикистон дар ҷанбаи минтақавӣ нақши бисёр муҳимро мебозад. Ҳайати мо чанд кишварро намояндагӣ мекунанд ва мо афкори умумии СААШ-ро муаррифӣ менамоем. Мо метавонем гуфт, ки муносибатҳо миёни Тоҷикистону СААШ бояд идома ва густариш ёбанд. Мо мефаҳмем, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро роҳандозӣ намуда, бо чандин кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон робита дорад».

Дар идома В. Кенеш илова намуд: «Мо барои худ якчанд шарҳҳо, мулоҳизаҳо ва иттилооти муфид дар бораи вазъият дар Афғонистон, ки аслан вобаста ба вазъи сарҳадот миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, инчунин масоили амниатиро фарогир буд, қайд намуда, ба инобат гирифтем».

«Ҳамчун узви парлумонҳои кишварҳои худ, ки аъзои СААШ ҳастанд, мо ин паёмҳоро ба парлумонҳои худ, ба ҳукуматҳои худ ва халқи худ, аз ҷумла нигаронӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистонро мерасонем», -таъкид дошт дар хотима В. Кенеш.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi