18:26:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар баррасии парвандаи Зайд Саидов танаффус эълон шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон пас анҷоми мутолиаи парвандаи ҷиноӣ аз тарафи айбдоршаванда Зайд Саидов - соҳибкор ва раҳбари зиндонии ҳизби номнависнашудаи "Тоҷикистони нав" то рузи 8 июл - замони суханронии айбдоркунандаи давлатӣ таннафус эълон кард.

zayd-saidov-8956214578.jpgИсҳоқ Табаров вакили мудофеи Зайд Саидов 25 июн ба мо гуфт, дар мурофиае,ки дар аввали ҳамин ҳафта сурат гирифт додгоҳ бо назардошти анҷоми ошноӣ бо парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби айбдоршаванда то рузи баромади айбдоркунандаи давлатӣ 8 июл танафус эълон кард. Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон дар робита ба эълони танаффус дар баррасии парвандаи Зайд Саидов гуфт, ки рузи 22 июн додраси Додгоҳи олӣ Савриддин Тошев дар мурофиа то 8 июл танаффус эълон кардааст.

Парвандаи Зайд Саидов аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод бо “айбдории Саидов З.Ш. бо моддаҳои 340 қисми 2 бандҳои “а,б” (сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон содир карда шудааст), 314 қисми 2 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад), 245 қисми 4, банди “б” (бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ) , 262 қисми 3 банди “б” (ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда) ва 292 қисми 2, банди “б” (ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) ... аз ҷониби прокуратураи генералии Тоҷикистон, баъди омӯзиш ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ, 16.01 соли 2015 барои баррасӣ намудан ба Додгоҳи олӣ фиристода шуда буд. Исҳоқ Табаров вакили мудофеъ мегуяд, зерҳимояааш айбномаи ин парвандаро беасос мешуморад. Вай гуфт рузи 8 июл айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи додситонӣ суханронӣ хоҳад кард ва баъди ӯ Зайд Саидов сухани худро ироа хоҳад кард.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд. Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саид ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азми худ барои таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

Зайд Саидов аз ҷумлаи тарафдорони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби саҳмияҳои 30-фоизаи мухолифин ба мақоми раиси кумитаи саноат расид. Ӯ дар соли 2001 вазири саноат таъин шуд ва то поёни соли 2006 дари ин мақом кор кард. Зайд Саидов баъди рафтанаш аз ҳукумат ба соҳибкорӣ баргашт ва баъди чанде дар ҷумла соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон қарор гирифт. Ширкатҳои ӯ бахусус дар риштаи сохтмон муваффақ буданд ва чанд бинои бузург дар пойтахт, аз ҷумла бинои 22-қабатаи “Душанбе-Плаза”, мактаби рақами 8 ва дафтари марказии “TCell”-ро ширкатҳои марбут ба Саидов сохтаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi