04:18:50 08-уми Июни 2025 сол

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз!

Муаррифии нашри дуввуми китоби донишманди тоҷик, муҳаррири пешбари Муассисаи давлати Сарредаксияи Илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик Обидҷон Шакурзода «Гулистон»-и Саъдӣ. Матни комил ва шарҳи он», ки дар толори хурди синамои ба номи Зебуннисо дирӯз дар шаҳри Душанбе (20.04.2017) баргузор гардид, ба рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Саъдии Шерозӣ рост омад. Китоб бори аввал соли 2014 дар нашриёти «Адиб» ба табъ расида буд ва аз ҷониби китобдӯстони кишвар ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуда буд. Тӯли ин се сол муаллиф болои ин асари худ пайваста заҳмат кашид ва онро бо тағйироту иловаҳои хеле муҳиму муфид бори дигар пешкаши хонандагони арҷманд намуд. Китоб бо пуштибонии молии олими маъруфи эронӣ доктор Асғари Додбеҳ дар чопхонаи «Бебок»-и шаҳри Душанбе бо ҳуруфи киррилик ба нашр расидааст. Бояд гуфт, ки ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон матни комили «Гулистон»-и Саъдӣ бо ҳуруфи киррилик ба табъ мерасад. Ба муносибати чоп шудани китоби мазкур намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон номаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро ироа кард. Дар муаррифии китоб донишмандони маъруфи кишвар профессор устод Абдунабӣ Сатторзода, муаллифи китоб Обидҷони Шакурзода, нависанда ва адабиётшинос Абдуқодири Рустам, намояндаи Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ -тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Ҳасани Қарибӣ суханронӣ карданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854