04:09:08 08-уми Июни 2025 сол

Ҳамоиши илмӣ ба ифтихори 85-солагии зодрӯзи устод Муъмин Қаноат

Дирӯз, 20.05.2017, дар толори Академияи Илмҳои Ҷумҳурӣ ба ифтихори 85-солагии зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи адабиёт, устод Муъмин Қаноат ҳамоиши илмие баргузор гардид, ки дар он донишмандону олимон, шоирону нависандагон аз Афғонистону Эрон, Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Ин нишасти илмӣ-фарҳангиро бо сухани муқаддимавӣ Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимов ҳусни матлаъ бахшид. Сипас Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ паёми табрикии Пешвои миллат Эмиомалӣ Раҳмонро ба ин муносибат қироат кард.

Дар идома Шамсуддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Латиф Пидром- шоир ва сиёсатмадори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, намояндаи мардум дар Парламенти ин кишвар, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоир ва мунаққиди адабиёт Аскар Ҳаким, олими адабиётшинос Аламхон Кӯчаров, шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб, Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва дигарон дар бораи осор ва рӯзгори устод Муъмин Қаноат суханҳои боарзише гуфтанд ва аз ашъори ноби ӯ шеърҳо қироат намуданд.

Аз саҳифаи фейсбуки Султони Ҳамад

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854