10:47:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

“Тавозун” татбиқи фармоиши Ҳукумати ҷумҳуриро оиди таҳияи буҷети солҳои 2018-2020 мавриди баррасӣ қарор дод

25 маи соли 2017 дар Маркази матбуотии чумҳуриявӣ маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ «Тавозун», ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо ёрии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, баргузор гардид.

tavozun 9845541221Дар он татбиқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи буҷети солҳои 2018-2020 бо ширкати намояндагони Парлумони ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, дигар вазоратҳои соҳавӣ, коршиносони мустақил ва журналистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Фармоиши Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017, №2-ф бо мақсади сари вақт ва босифат таҳия намудани буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2020, истифодаи самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ҷорӣ намудани банақшагирии миёнамӯҳлати молиявӣ ба тасвиб расидааст.

Баҳодур Акрамзода, вакили Маҷлиси Намояндагони МО Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иқтисод ва молия, Абдураҳим Наҷмиддинов, коршиноси масоили идораи молияи давлатӣ, Раъно Забирова, муовини сардори сарраёсати буҷети давлатӣ ва ҷумҳуриявии Вазорати молияи Тоҷикистон ва Икром Донахонов, сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм дар ин нишасти панҷумини маҳфили “Тавозун” суханронӣ намуда, ба суолҳои рӯзноманигорони расонаҳои кишвар посух доданд.

Мақсади маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун” ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли буҷет бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандию ВАО ва таъмини шаффофияти он аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии Ҳукумати ҶТ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ҷалб намудани доираи васеи журналистон ба масоили буҷа, идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии ин мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ мебошад.

“Рӯзгор”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi