10:11:55 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Иди саиди Фитр ва иди Рӯзи Ваҳдат муборак бод!

Дар он ки  имсол иди Саъиди Фитр ва иди Рӯзи Ваҳдатро  мо, мардуми Тоҷикистони азиз, дар як мақтаи замонӣ таҷлил менамоем, бешак ҳикмати Илоҳие нуҳуфтааст, ки дарки онро  шояд ҳар кас ба таври худ  шарҳ дода тавонад.

id-al-fitr-2017

Бале, моҳи Рамазон, моҳест, ки Худованди бузург ба бандагони мусалмонаш  бар ивази тооту ибодот, рӯзадориву шабзиндадориҳои бониёиш пеши даргоҳи Илоҳӣ имкони аз  гуноҳон пок шудан, аз худ дур кардани хисоли бади инсонӣ аз қабили бухлу ҳасаду кинаву адоват, кибру риёро додааст. Ҳар касе дар ин моҳи Худо  дар ин раҳ аз таги дил  заҳмат кашид,  фармудаҳои Худои бузургро ба ҷо оварду аз  манъкардаҳояш парҳез кард,  ҳатман подоши онро хоҳад дид. Он нафаре, ки қалбашро дар ин моҳ бо нури имон поку музайян сохтааст, ҳатман гӯшаеро дар ин хонаи кӯчаки Худо барои накӯкориву дӯстиву бародарӣ  ихтисос додааст.

Дуъои хайр бо қалбҳои софтару поктар, Худо хоҳад, пеши Парвардигори азимушшаън ҳамеша мустаҷоб аст.

Дӯстони азиз, биёд даст ба дуъо бардорем, ки Худованди муттаъол рӯзаву тоату ибодати моро ба даргоҳаш қабул карда, гуноҳони мову  гузаштагони моро мағфират намуда, Ватани азизи мо ва шаҳрвандони онро аз газандҳои заминиву осмонӣ дар паноҳи исматаш нигаҳбон бошад.

Илоҳо,  сулҳу оштиро дар Ватани азизи мо ҳамеша пойдору Ваҳдати Миллиро  устувор бигардон!

Илоҳо, меҳру муҳаббати  дӯстиву бародариро дар дилҳои мо тоҷикистониён  беш аз пеш  афзунтару мустаҳкамтар бигардон!

 Илоҳо, ҳамватанони моро, ки  бо сабабҳои гуногун дар хориҷ аз кишвар зиндагонӣ мекунанд, ё пайи таъмин рӯзгори хеш ба мулки ғарибӣ рафтаанд ва орзуи бозгашти сарбаландона ба Ватанро доранд, солиму ғоним ба Ватани азизамон боз бигардон!

Илоҳо, Ватани мо-Тоҷикистони азизро боз ҳам  сарсабзу хуррамтар ва ободтар бигардон!

Омин ё Раббалъоламин!

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi