22:44:39 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Устод Садриддин Айнӣ - фарзанди ҳақиқатҷӯйи халқи тоҷик»

Маҳфили навбатии Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов баргузор гардид. Аъламхон Кӯчаров, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, яке аз айнишиносони маъруф ва машҳури кишвар дар он дар мавзӯи «Устод Садриддин Айнӣ - фарзанди ҳақиқатҷӯйи халқи тоҷик» маърӯзаи хеле ҷолиб ва пурмуҳтаво кард. Сипас ба саволҳои сершумори ширкаткунандагони маҳфил посух гуфт.

1 guftugu-55698454Баҳсу мунозираҳое низ атрофи ин мавзӯъ сурат гирифтанд. Ин мубоҳисаҳо бештар атрофи мавзӯи хидмати устод Айнӣ ба миллати тоҷик ҷараён доштанд. Профессор Иброҳим Усмонов изҳор карданд, ки устод Айнӣ дар баробари асосгузори адабиёти муосири тоҷик будан инчунин асосгузори илми тоҷикшиносӣ низ ҳастанд. Аз ин рӯ ҳар ҳамлае, ки муқобили устод Айнӣ сурат мегирифт, ин ҳамла болои миллат буд.

Масъалаи аз нав ба нашр расондаи осори мукаммали устод Садриддин Айнӣ диққати ҳозиринро дар ин маҳфил хеле зиёд ба худ ҷалб намуд. Дар Тоҷикистони мо нашри осори пурраи устод Айнӣ таҳти унвони «Куллиёт» аз соли 1958 шуруъ шудааст. То ба имрӯз ҳамагӣ 15 ҷилди ин «Куллиёт» ба нашр расидааст, ки ба ақидаи Аъламхон Кӯчаров ин ҳанӯз номукаммал аст.

2 guftugu-55698454Устод Айнӣ навиштаҳои зиёде доранд, ки ба ин «Куллиёт» ҳанӯз ворид нашудаанд. Аз сӯи дигар худи устод Айнӣ дар навиштаҳояшон иттилоъ додаанд, ки нияти навиштани ин ва ё он китобҳо, масалан китобҳое таҳти унвони «Табарзин» ва «Доғлама»-ро доштаанд. Ин китобҳо навишта шудаанд ва ё не маълум нест. Шояд навишта шуда бошанд, мегӯяд айнишинос Аъламхон Кӯчаров. Ҷустуҷӯҳоро идома бояд дод. Бойгонии устод Айниро бояд аз нав дақиқ омӯхт.

3 guftugu-55698454Устод Аъламхон Кӯчаров бар ин бовар аст, ки бо роҳбариву дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ агар Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҶТ, нашриёти «Адиб» ва дигар муассисаҳои фарҳангиву адабии кишвар дар ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ кӯшишу талошҳои зиёде ба харҷ бидиҳанд, имкони дар зарфи 10 сол, яъне то ҷашни 150 солагии зодрӯзи устод Айнӣ ба нашр расондани Куллиёти бисту шаш ҷилдаи осори ин нависандаи оламшумул, Қаҳрамони Миллии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi