07:57:13 07-уми Июни 2025 сол

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро ба ҳузур пазируфтанд.

ZHomart-Tokaev-5858857

Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрику таҳният гуфта, изҳори итминон карданд, ки бо талошҳои муштарак мо дар оянда низ рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегиро идома медиҳем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, обӣ-энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои барои ҷонибҳо судоварро муҳокима карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуъи ҳамкории муштарак дар самти мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, СААД, САҲА, ИДМ, СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ карданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854