Дар Афғонистон маъракаи интихоботи президент шурӯъ гардид
Рӯзи якшанбе дар Афғонистон маъракаи интихоботи президент, ки то 28 сентябр ба нақша гирифта шудааст, оғоз гардид. Дар ин бора агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Шумораи умумии номзадҳо аз 18 нафар, аз ҷумла президенти амалкунанда Ашраф Ғанӣ иборат буда, онҳо ба маъракаи думоҳа, ки 25 сентябр ба анҷом мерасад, оғоз намуданд.
Дар изҳороти худ комиссияи интихоботӣ барои таъмин намудани шаффофият дар интихоботи дар пеш истода уҳдадор шуда, интихобкунандагонро даъват кард, ки аз ҳуқуқи овози худ дар рӯзи интихобот ба тарафдории номзадҳо истифода кунанд.
Интихоботи дар пешистодаи давлат баъд аз ҳокимияти толибон дар соли 2001 чаҳорумин мебошад.
АМИТ «Ховар»